Дар шаҳри Ваҳдат, ки бо вуҷуди дар шафати Душанбе қарор доштанаш аз назари расонаҳо дур мондааст, як фоҷеъаи инсонӣ дар ҳоли суъуди босуръат аст. Хонандагони Паём менависанд рӯзе нест, ки дар ин шаҳр 6-7 нафар аз вируси коруно ҷон надиҳанд.
Имрӯз як табиби беморхонаи шаҳри Ваҳдат ба мо навишт, ки ҳанӯз охири моҳи март дар ин ноҳия 8 бемори мубтало ба вируси коруно маълум крада шуда буданд, аммо мақомоти амниятӣ бо ҳар табиб алоҳида “сӯҳбат” ороста ба онҳо ифшои ин маълумотро қатъиян манъ кардаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ ҳеҷ чораи пешгирӣ аз шуйӯъи вирус гирфита нашудааст.
Мо хабарҳои зиёде аз хонандагони сойту шунавандагони радио дар бораи гирифтории одамони зиёде дар ин шаҳр ва маргумир, ки шуморашро касе намедонад дарёфт мекунем. Номаи ин табиб моро водор кард ҳамаи маълумоти расида аз ин ноҳияро ҷамъоварӣ намоем.
Як бемор аз беморхонаи сироятии воқеъ дар Телмон, ҷамоъати деҳоти Гулистон, навиштааст рӯзе нест, ки дар ин беморхона 3-4 нафар ҷон надиҳанд. “Рӯзе шуд, ки 9 нафар ҷон доданд, касе на парвои мурда дорад на парвои ҷанозаш. Ба Роҳатӣ бурда гӯр мекунанд, баъд хабар медиҳанд, ки одамтон мурд, гӯраш дар фалон ҷо аст. Танҳо нафарони одамдору пулдор метавонанд дар ҷанозаи наздиконашон ширкат кунанд”- менависад ӯ..
Қаблан ҳади ақал се хонандаи Паём навишта буданд, ки тамоми онҳое, ки дар Ваҳдат аз коруно ҷон медиҳанд, дар Роҳатӣ мегӯронанд.
Тибқи иттилоъи дарёфтӣ, дар ноҳияи Ваҳдат 4 беморхонаро барои пазириши беморон омода кардаанд. Ғайри қисми беморхонаи ноҳиявӣ, инчунин дар ҷамоъатҳои Гулистон, Бозорбой Бурунов ва Абдулло Абдулвосиев се беморхона бемор қабул мекунад. Аммо дар ҳеҷ кадоми онҳо ҷой нест ва танҳо дар сурати вазнин шудани ҳолати бемор ва роҳхати бунгоҳи тиббии маҳалла ба яке аз ин беморхонаҳо мебаранд.
“Дар худи марказ (шаҳри Ваҳдат) ҳар рӯз минимум 6-7 кас аз коронавирус мемирад, ҳоли деҳаҳо ҳисоб не — навиштааст як хонандаи дигар, — вақте беморхона мебарӣ, мегӯянд вақте ба мурдан наздик шуд, баъд биёред. Ягон илтимосу зорӣ доду вой ёрдам намекунад. Одам мисли саг қадр надорад”.
Қаблан ҳам мо аз хонандагон хабарҳое дар бораи даргузашти сокинони ноҳия дарёфт мекардем, ки қисмате аз онҳоро инҷо зикр мекунем ва аз хонандагони огоҳ мехоҳем маълумоти бештар ирсол кунанд, то вазъ ба пуррагӣ маълум ва дақиқ шавад.
Як хонанда навишта буд, “дар доми Керосинка як оилаи афғон зиндагӣ мекард, зану шӯ, 45 сола буданд, аз коронавирус мурданд. Ду кӯмакашон, 3 сола ва 4 сола ятим монданд”.
“Ҳамаи онҳое, ки аз ин беморӣ мегузаранд, шабона гӯр мекунанд, — менависад як хонандаи дигар, — фақат ду се соҳибони мурдаро иҷоза медиҳанд, тамом”.
Ин ҳам баъзе аз афроде, ки аз фавташон хонандагони Паём иттилоъ доданд:
1. Икроми табиб аз Купрукбошӣ;
2. Бачаи табиб Карчибеков;
3. Хушназарова Курбонгул аз кӯчаи Краснормейски;
4. Ҷавҳаршо, корманди БДА;
5. Як сарбоз аз деҳаи Байнал, ҷаомъати Бозорбой Бурунов, писари Тиллои тракторчӣ, ҳамсояи Назари кормнади БДА, ки дар қисми 0123-и Нерӯҳои сарҳадбонӣ хизмат мекардааст. Мо хостем ин хабарро дақиқ кунем, то бидонем дар он қисми ҳарбӣ низ вирус шуйӯъ кардааст ё на, вале муясар нашуд. Аз хонандагоне, ки дар ин бора маълумот доранд хоҳиш мекунем дар ҷамъоварии он кумак кунанд;
6. Табиб Раҳимов, травматолог;
7. Ғуломов Салоҳиддин, раҳбари мактаби Оби шӯрак;
8. Зиёвуддин, молики мағозаи мебели “Сомон”;
Ва се нафаре, ки исмашонро ду рӯзи охир хонандагон хабар доданд:
10. Ашуров Хайруллоҳ;
11. Сарбозова;
12. Сайлон Элчибекова
Сообщение ПАЁМ.net.