Дар солҳои охир баробари васеъ шудани доираи ҳиҷрат, издивоҷи муҳоҷирон бо занҳои кишвари муҳоҷират низ зиёд шуда истодааст.
Яке аз сабабҳои зиёдшавии издивоҷ бо занҳои хориҷӣ, бо роҳи осон соҳиб гаштан ба иқомати доимӣ ва гирифтани ҳуҷҷат мебошад.
Никоҳ бо қасди сукунат ва ҳуҷҷат
Ҳар марде, ки бо ду ният, ба нияти зиндагии доимӣ ва инчунин, дар зимни он гирифтани ҳуҷҷат издивоҷ мекунад, дар шариат ҳеҷ боке надорад. Зеро мақсади аввали мард ҳаёти бардавом аст, ки маънову мақсади никоҳро медиҳад ва вуҷуд доштани гирифтани ҳуҷҷат дар дохили он ҳеҷ боке надорад, ин масъала масъалаи итифоқӣ аст байни уламои шариат ва инчунин қонуни тамоми давлатҳо.
Лекин масъалаи дигаре аст, ки аксарият дар вақти никоҳ кардани занҳои хориҷӣ аҳмият намедиҳанд, он ҳам бошад шартҳои асосии никоҳ.
Шариат гирифтани занҳои аҳли китобро ба мардҳо иҷоза медиҳад, аммо бо якчанд қайдҳо:
Зан ҳатман бояд покдоман бошад. Занҳои аҳли китобе, ки бероҳа ҳастанд, никоҳи онҳо ҳаром мебошад, зеро дар ояти қурон омадааст:
و المحصنات من الذين اوتوا الكتاب من قبلكم
Барои шумо издивоҷ кардан бо занҳои покдомани аҳли китоб ҳалол аст. (сураи Моида ояти 6)
Ризогии ду тараф арӯсу домод.
Дар никоҳ ду шоҳид вуҷуд дошта бошад, зеро дар мо ҳадиси Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ки мегӯянд:
لا نكاح الا بولي و شاهدي عدل
Никоҳ вуҷуд надорад, (саҳеҳ нест) магар ин ки дар он валии зан ва ду шоҳидони боадолат ҳузур дошта бошанд. (Байҳақӣ)
Никоҳ бо иҷозаи валии зан баста шавад, агарчӣ валии зан кофир бошад ҳам, иҷозаи валӣ ҳатмист, зеро ҳадиси Паёмбар:
أيما امرأة نكحت بغير إذن وليها فنكاحها باطل فنكاحها باطل فنكاحها باطل
Ҳар зане, ки бидуни иҷозаи валиаш ба шавҳар мебарояд, никоҳаш ботил аст, ботил аст, ботил аст (Абудовуд)
Никоҳ эълон карда шавад, агарчӣ теъдоди меҳмонон кам бошад ҳам, бо як зиёфати хурдакак аз никоҳи ду нафар дигарон бохабар гарданд. Зеро дар мо ҳадиси Паёмбар саҳобии киром Абдураҳмонро амр карданд, то зиёфат дода, издивоҷи худро эълон кунанд:
Ҳатто бо забҳ кардани як гусфанд бошад ҳам ба мардум валима деҳ. (саҳеҳи Муслим)
Ин қайдҳо шартҳои никоҳ мебошанд, ҳоло фарқ надорад, арӯс мусалмон аст ва ё аҳли китоб.
Имрӯз бародароне, ки дар Русия ва кишварҳои дигар арӯси хориҷӣ мегиранд, ҳатман бояд ин шартҳо дар никоҳашон вуҷуд дошта бошад.
Никоҳ танҳо дар қоғаз
Яке аз намудҳои издивоҷе, ки имрӯз дар ғарб, махсусан кишварҳои Аврупо роиҷ ист, ин никоҳе, аст, ки танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дорад ва мақсид аз он гирифтани иқомати доимӣ мебошад.
Намуди ин никоҳ чунин аст. Зан ба ивази миқдори муайяни пул розӣ мешавад, ба дафтари қайди никоҳ рафта бо мард ақди никоҳ банданд. Ҳарду бо ҳам иттифоқ мебанданд, ки никоҳи онҳо то замони гирифтани шаҳрвандии мард, давом мекунад. Пас аз ақди никоҳ ҳарду аз паи зиндагии худ мешаванд. Дар як сол якбор дар назди идораи ҳиҷрат ва ё мақомоти дахлдорӣ дигар имзо гузошта аз ҳаёти муштараки худ хабар медиҳанд. Ҳол он ки бо ҳам ҳеҷ ҳаёти муштараке надоранд ва имзову ақди никоҳи онҳо танҳо ба хотири бо роҳи осон ҳосил кардани шаҳрвандии марди муҳоҷир мебошад. Пас аз он ки мард ҳуҷҷатҳои иқоматашро мегирад, дигар ҳарду ба якдигар ҳеҷ алоқае надоранд.
Ин ҷо, агар харидани шиносномаи хориҷӣ аз 10 ҳазор доллор то панҷоҳ ҳазор бошад, мард ба хонуми хориҷие 5 ҳазор доллор медиҳаду соҳиби шиноснома мешавад.
Дар ин никоҳ, ки муомилаи молӣ аст ва танҳо дар коғаз навишта шудааст, зани дар коғаз ҳамсари марди муҳоҷир буда, дар давоми муддати никоҳ бе ягон ишкол метавонад бо марди дигаре зиндагӣ кунад ва ҳатто аз ӯ фарзанд ба дунё оварад. Аммо аз рӯи ҳуҷҷат ҳамсари марди муҳоҷир аст.
Ҷамъияти уламои мусалмонон дар Аврупо ин намуд ақди никоҳро ҳаром мегӯяд. Кунандаи ин амал гунаҳгор мешавад ва бояд ҷазои қонунӣ гирад. Зеро ин никоҳ хеле ба никоҳи мутъа монанд аст, ки дар шариат ҳаром аст. Барои муддати муайян баста мешавад. Инчунин дар ин намуди никоҳ, одатан тамоми шартҳои асосӣ мавҷуд нестанд, на валии зан, на ду шоҳид, на эълони ақд. Танҳо ду нафар зану мард ба дафтари қайди никоҳ рафта, имзо мекунанд, бо ҳамин ҳамсари қонунӣ мегарданд. Аз тарафи дигар дохили ин намуд никоҳ якчанд омехтагиҳои машкук ниҳон аст. Як зан дар ҳуҷҷат ҳамсари марди дигар аст, дар зиндагӣ бошад, ҳамсари марди дигар. Агар кӯдак ба дунё омад ва мабодо зан аз дунё рафт, насаби кӯдак ба кадом мард бармегардад, мероси ӯро кадом шавҳар соҳиб мегардад. Аз тарафи дигар ин намуд ақди никоҳ дар кишварҳои Аврупо ҷазои ҷиноӣ дорад ва марди мусалмон бо даст задан ба ин намуд амалҳо худро ба хатар меандозад.
Намуди дигар: Мард танҳо ба хотири гирифтани ҳуҷҷати кишвари хориҷ издивоҷ мекунад, вале ин нияти худро аз ҳамагон, ҳатто аз арӯс пинҳон мекунад. Дар вақти издивоҷ ба касе аз нияти асосии худ хабар намедиҳад. Арӯс ва наздикони дигар аз мақсади асосии домод бехабар ҳастанд. Дар вақти баста шудани ақди никоҳ бошад, шоҳидон, оилаи арӯс ҳузур дорад ва ҳатто ҷашни арӯсӣ низ барпо мешавад.
Ин намуд издивоҷ дар шакл ва баста шудани ақди никоҳ саҳеҳ аст, зеро шартҳои никоҳ: ҳузури шоҳидон, валӣ ва эълони никоҳ ҳама вуҷуд дорад, аз нияти асосии домод ҳеҷ кас ба ҷуз худаш бохабар нест ва шариат ҳамеша ба зоҳир нигоҳ карда, ҳукм мекунад, аммо чун домод дар ботин мақсади дигар дорад, бо ин амалаш гунаҳгор мешавад. Мақсади никоҳ нияти зиндагии доимӣ мебошад, ки ӯ хилофи ин мақсад амал намуда истодааст, аз тарафи дигар фиребу хиёнат ба арӯс аст. Як занро танҳо ба хотири ҳуҷҷат ақд кардану инро аз ӯву дигарон пинҳон донистан макру фиреб аст, ки дар шариат ҳаром мебошад. Аммо дар ин намуди никоҳ, зану мард агарчӣ нияти домод танҳо ҳуҷҷатгирӣ бошад ҳам, зану шавҳари ҳақиқии қонунӣ ва шаръӣ маҳсуб мешавард ва мард вазифадор аст, тамоми ҳуқуқҳои шавҳариро, мисли муҳаё сохтани ҷои зист, хӯрок ва лавозимоти моддии дигар анҷом диҳад.
Намуди севвум: Зану мард бо ҳам иттифоқ мекунанд, ки то замони гирифтани ҳуҷҷати мард, издивоҷ карда бо ҳам зиндагӣ мекунанд, замоне, ки мард ҳуҷҷатҳояшро гирифт аз ҳам ҷудо мешаванд. Албатта мард бар ивази ин иттифоқият ба зан миқдори муайяне маблағ медиҳад. То гирифтани ҳуҷҷат бошад бо ҳам ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ мекунанд.
Ҷамияти уламои Аврупо ин намуди издивоҷро ҳаром мегӯянд, зеро айнан ҳамон никоҳи мутъа аст. Никоҳе, ки дар шариат ҳаром аст ва танҳо барои муддати кӯтоҳ баста мешавад.
Муслимаи Аҳмадӣ
Сообщение ПАЁМ.net.