Қарзи ташкилоту идораҳо, аҳолӣ, корхонаҳо ва дигар муштариён дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз истифодаи барқ ба 52 миллиону 881 ҳазору 877 сомонӣ расидааст, ки миёни онҳо ҳукумати ноҳия низ ҳаст.
Ба гуфтаи Сафархон Ғуломов, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш аз 52,8 миллион қарзи барқ 25 миллиону 299 ҳазораш қарзи аҳолӣ, 1 миллиону 123 ҳазораш қарзи корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва боқӣ аз дигар муштариён мебошад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳама қарзи бештар дар Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 3 миллиону 603 ҳазор сомонӣ, Беморхонаи марказӣ 172 ҳазору 933 сомонӣ, ҳукумати ноҳия 68 ҳазору 169 сомонӣ аст.
Дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳукумати ноҳия танҳо барои истифодаи барқ ҳамагӣ 2 ҳазор сомонӣ пардохт шудаст, аммо дар ҳашт моҳ ҳукумати ноҳия беш аз 18 ҳазору 500 сомонӣ барқ истифода кардааст.
Дар ҳамин ҳол мардум мегӯянд қарзи онҳо аз тарафи мақомоти «Барқи тоҷик» воҳима аст, чун барои камтар аз сад сомонӣ қарз, барқро қатъ мекунанд. Шавоҳиди диёде вуҷуд дорад, ки кормандони ин ширкат дар ҳуҷҷатҳо қарзҳои ҳангуфте ба сокинон навиштаанд ва вақте аз онҳо пурсида мешавад, посух медиҳанд, ки «парво накунед, ин барои ҳисобот аст».