Рубрики Хабарҳо

Олмону Аморот бар сари содироти гази моеъ ба созиш расиданд

Дар сафари садри аъзами Олмон ба Аморот қарордоде миёни ширкати таъмини энергии RWE ва ширкати миллии нафти Абудабӣ баста шуд. Таҳвили аввалияи гази моеъ нисбатан камтар аст аммо ин муомила аз назари сиёсӣ ва ҷойгузинии Русия барои бузургтарин иқтисоди Аврупо аҳамият дорад. 

Дар дувумин сафари Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, қарордоде барои таҳвили гази табии моеъ то поёни декабр имзо шуд. 

Ин қарордод шомили ёддошти тафоҳум барои таъмини чанд солаи гази моеъ аст. Олаф Шолтс пеш аз эъломи ин хабар ба рӯзноманигорон гуфт: “бояд мутмаин шавем, ки тавлиди гази моеъ дар ҷаҳон дар сатҳе бошад, ки битавон талаботи зиёдро бидуни такя ба зарфияти тавлиди Русия бароварда кард. 

Ба ин тартиб бузургтарин иқтисоди Аврупо то поёни декабр гази табии моеъ дарёфт хоҳад кард. 

Тибқи эъломи ширкати таъмини энергии RWE ҳудуди 137 ҳазор метри мукааб гази моеъ дар соли 2022 аз сӯи ширкати нафти Абудабӣ ба Олмон фиристода мешавад. Рейтерз менависад, Олмон барои соли 2023 низ гази мавриди ниёзро аз ширкати нафти Абудабӣ резерв карда, ки мизони он мушаххас нашудааст. 

Бинобар додаҳои ширкати таҳқиқотии Еnerdata, ду анбори ҷадиди LNG шиновари Олмон дар ниҳоят қодир хоҳанд буд то 12,5 миллиард метри мукааб гази моеъ дар сол дарёфт кунанд, ки муодили ҳудуди 13 дарсад аз масрафи гази кишвар дар соли 2021 аст.

Дар пайи манобеъи ҷойгузин 

Дидори Шолтс аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба манзури амиқтарсозии муносибот ва ёфтани манобеъи ҷойгузин барои таъмини энержии мавриди ниёзи Олмон сурат мегирад ва мақомоти олмонӣ умедворанд, маҷмӯае аз муомилот, ҳамонанди муомила бо Абудабӣ ба коҳиши қиматҳои саросемавори энержӣ кумак кунад. 

Аммо шаҳрвандони навмед ва нигарон, рӯзи якшанбе 25 сентябр бо баргузории тазоҳуроте хоҳони баҳрабардорӣ аз хатти лӯлаи Нордастрем-2 шуданд. Ин пружа, ки барои интиқоли сӯхт аз Русия ба Олмон роҳандозӣ шуда буд, пас аз шурӯъи ҷанг дар Укроин кори худро муаллақ кард. 

Тазоҳурот дар шаҳри Лубмин сурат гирифт, ки маҳалли поёни хатти лӯла дар Олмон аст. Гуфта шуда, ки ҳудуди 5000 нафар дар ин ҳаракати эътирозӣ ширкат доштанд. 

Рейтерз менависад, ширкати миллии нафти Абудабӣ илова бар таъмини гази моеъ, бо фурӯши газойл ба ширкатҳои олмонӣ мувофиқат карда ва қарор аст моҳе 250 ҳазор тонн газойл низ дар ихтиёри ширкати олмонӣ қарор диҳад. 

Рӯзи якшанбе, шайх Муҳаммад ибни Зоид оли Наҳиён, ҳокими Амороти муттаҳидаи арабӣ, тавофуқномаеро низ бо Шолтс имзо кард, ки амнияти энержӣ ва ниёзҳои саноеъи олмониро дар бар мегирад. Ширкати энержиҳои таҷдидпазири Аморот низ қарор аст ба таври ҷудогона масъалаи тавсеаи энержии бодӣ дар соҳилҳои Олмонро баррасӣ кунад. 

Садри аъзами Олмон пас аз Абудабӣ роҳии Қатар шуд. Ў рӯзи шанбе дар Ҷидда бо ибни Салмон валиаҳди Арабистони саудӣ дидор дошт. 

Олмон то пеш аз ҳамлаи Русия ба Укроин 55 дарсад аз гази мавриди ниёзи худро аз Русия таҳия мекард. Бахши аъзами ин воридот мутаваққиф шуда ва таъминкунандагони газ дар Олмон дар пай манобеи дигар барои пӯшиши ниёзҳои худ ҳастанд. Амороти муттаҳидаи арабӣ аз лиҳози захоири газӣ ҳафтумин кишвар ва Қатар севумин кишвари бузург дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Қатар ҳамчунин бузургтарин содиркунандаи гази моеъ дар ҷаҳон аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *