Categories Хабарҳо

Қудои мардуд

Тафтишу монеъаэҷодкунии якбора ду ниҳод барои яке аз маъруфтарин қудоҳои раисҷумҳур наметавонад тасодуф ё ҳақиқатҷӯиҳои ин ниҳодҳо бошад. Шояд ҳақиқатҷӯӣ дар баъзе аз ниҳодҳо ҳанӯз боқӣ монда, вале қоидаи нонавиштае дар Тоҷикистон вуҷуд дорад: ҳама чиз барои Оила, қонун барои мардум. Барои он ки қонун ба узви Оила ҳам ҷорӣ шавад, ӯ бояд аз Оила хориҷ ва ба сафи мардум пайвандад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 29 январ дар нишасти хабариаш эълон кард конунӣ будан ё набудани моҳона ситонидани 80 дирам аз муштариёни шабакаҳои мобилиро месанҷад.

“Ҳамин дирӯз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ дар бораи асоснокии гирифтани 80 дирам, ки ҳар моҳ аз ҳисоби муштариён барои хидматрасонии рақам гирифта мешавад, дархост фиристод” – гуфт раҳбари ин хадамот Абдулмаҷид Мӯъминзод. 

Ӯ гуфт Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳо як моҳ мӯҳлат додааст, то шарҳ диҳанд, ки дар кадом асос ин 80 дирамро мегиранд. 

Албатта ин кор камтар ҷои таъаҷҷуб медошт, агар ҷамъоварии ин 80-дирамӣ 5 сол пеш шурӯъ нашуда буд. Яъне Хадамоти зиддиинҳисорӣ баъди панҷ соли тасмими Бег Сабур ва аз мардум ситонидани беш аз 300 миллион сомонӣ ба ин натиҷа расидааст, ки бояд санҷида шавад оё ин кор қонунӣ аст ё ғайриқонунӣ.  

Имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт ширкати “Комил-2010”, ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мутааллиқ аст, корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдкунандаашро қатъ кардааст. Кумитаи меъморӣ аз “Комил 2010” талаб намудааст камбудиҳояш дар сохтмонро бартараф созад. 

Дар сурати ислоҳ нашудани камбудиҳо дар сохтмонҳояш муҷаввизи фаъолияти ширкати Бег Сабур бозпас гирифта мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон имрӯз, 31 январ дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод. 

Ба гуфтаи Раҳматулло Табарзода, сардори хадамоти сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон оғози сохтмон бидуни ташхиси кумита ва берун аз тарҳ бунёд кардани ошёнаҳо, аз ҷумлаи камбудиҳо дар фаъолияти ширкати “Комил-2010” будааст.

Ба гуфтаи ӯ сохтмон дар бархе иншоотҳои ин ширкат дар минтақаи Зарафшони шаҳри Душанбе боздошта шудааст. Бархе расонаҳо аз боздошти сохтмони ин ширкат дар шаҳри Кӯлоб низ хабар медиҳанд. 

Ним сол пеш Паём хабар дода буд, ки Бег Сабурӣ мавриди хашм қарор гирифтааст. Ӯ муддате нопайдо ва утоқи кориаш ҳам мӯҳр зада шуд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Кумитаи андоз аз ӯ 90 миллион сомонӣ (беш аз 9 миллион доллар) талаб дошт. Ин миқдор маблағро Хадамоти алоқа ба Кумитаи андози Тоҷикистон қарздор шудааст.

Он замон писари ӯ Рамз Сабурӣ низ, ки дар Хадамоти алоқа кор мекард, нопайдо шуда буд. Рамз домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки аксари ширкатҳои Бег Сабурӣ ба номи ӯ ба қайд гирифта шудаанд.

Манобеъи Паём гуфта буданд, сабаби таъқиби Сабурӣ ва нопадид шудани ӯ ҳамроҳи писараш, ҷудошавии Рамзу духтари раисҷумҳур Зарина Раҳмон аст.

Баъдан Бег Сабур, ки ҳамеша аз расонаҳо фирор мекард, ногаҳон дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ зуҳур кард ва бо “китобхонӣ”-аш чанд моҳ дар сархати расонаҳо қарор гирифт. 

Зоҳиран он “зуҳур”-и ногаҳонии Бег Сабур барои бастани даҳони расонаҳо ва хомӯш кардани овозаҳо дар бораи ҷудоии писари ӯву духтари Эмомалӣ Раҳмон будааст ва акнун, ки овозаҳо камтар шудаанд, Раҳмон тасмим гирифтааст кори қудои мардудашро ба итмом расонад. 

Зуҳуров Бег Сабурович, ки супориши Додситонии кулл насабашро ба Сабурӣ иваз кардааст бо вуҷуди ин ки мансабаш иҷозат намедиҳад шаҳрвандии кишвари дигарро дошта бошад, шаҳрванди Русия ҳам ҳаст. Ва дар Русия ӯ ҳанӯз Зуҳуров Бег Сабурович мебошад.

Бег Сабур ду ширкат дар Русия ва амволи зиёде дар Тоҷикистону Русия дорад.

Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи Бег Сабурӣ дар ҷустуҷӯгари Паём номи ӯро нависед, ё инҷо ворид шавед:

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *