Рубрики Хабарҳо

Назари хонанда: Кумитаи авлодии андоз ва сабабҳои фирори соҳибкорон

Кумитаи андоз бояд, як сутуни рушди иқтисод ва пуркунандаи буҷа бошад. Вале кумитаи андоз дар кишвари мо, яке аз сохтори истисморкунанда буда, рӯз аз рӯз, зулми масъулони ин кумита, ба соҳибкорони хурду миёна афзуда истодааст. Дар натиҷа ҳар сол садҳо ҳазор тоҷирону соҳибкорон, кору фаъолияти худро қатъ мекунанд.

Кормандони кумитаи андоз бо соҳибкорон мисли хоҷа бо ғулом муносибат мекунанд. Ҳатман бояд дар ин кумита, ислоҳот- ихтисори кормандон гузаронда шавад. Зиёдшавии кормандон дар ин кумита бар зарари соҳибкорони хурду миёна буда, асосан онҳо ба ҷаримабандӣ машғуланд. Ҷаримабандии аз ҳад зиёд соҳибкоронро аз соҳибкори дилхунук мекунад.   

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ҳафтаномаи ” Тоҷикистон ” оиди кормандони Кумитаи андоз, чунин мегӯяд: “Инспектори андоз, пеш аз ҳама, маслиҳатчӣ ва роҳнамо дар ҳамон корхона ё ширкате бошад, ки ба ӯ вобаста карда шудааст. Аммо имрӯз инспектори андоз ба як шахси тарсонанда табдил ёфтааст. Вақте, ки вай вориди ширкат ё корхонае мешавад, аз директор то фаррош дар тарсу ҳаросанд. Оҳ, налогчӣ ё андозчӣ омадааст мегӯянд. Инспектори андоз баробари вориди корхона шудан, на салому алейки дуруст дорад, на як муносибати инсонӣ. Ба ҳама мисли як ҷинояткор муносибат мекунад. Гӯё шахсе аст, ки бо ин амалаш адолатро ба роҳ мемонад. Ниҳоят оқибати ин чӣ мешавад. Худатон медонед”. 

Талаби “доля”

Мехоҳам каме аз саргузашти талхи худ ҳикоя кунам. Ман ҳамчун як соҳибкори кучак, дар шаҳри Хуҷанд, кору фаъолият мекардам. Дар соли 2014 сохторҳои гуногуни давлатӣ ду ошхона ва ду ҳуҷраи ба доруфуруши додаи хусусии маро, дар умум 18 маротиба, аз 1200 сомонӣ то 4000 сомонӣ ҷаримабандӣ намуданд. Кормадони кумитаи андозӣ шаҳрӣ ва вилоятӣ, стансияи санитарию эпидемиологӣ, стандарти давлатӣ, идораи сӯхторхомушкуни, экологӣ ва ғайра. Рӯзе коргарон занг зада, хабар доданд, ки аз сохторҳои гуногуни давлатӣ омада, ошхонаро тафтиш карда истодаанд ва Шуморо мепурсанд. Вақте омадам дидам, ки гурӯҳи тафтишотии 11 нафара аз сохторҳои гуногуни шаҳрӣ ва вилоятӣ, ба ҷои мизоҷон дар ошхона нишастаанд. Як нафар аз кумитаи андозӣ вилоятӣ, ду нафар аз кумитаи андозӣ шаҳрӣ, се нафар аз стансияи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, ду нафар аз идораи стандарти давлатӣ, нозири минтақавии корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ва ғайра. Протокол тартиб доданд ва аз фардои он рӯз даъват ба идораашонро оғоз намуданд. Даҳҳо бор ба идораашон рафтам ва маҷбур шудам ба ҷонишини раёсати кумитаи андози вилоят шикоят барам. Танҳо баъди он саз саргардониҳо халос шудам.

Намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, ҳанӯз ки дер нашудааст, аз зулм ба соҳибкорон ва дастдарозӣ ба ҷайби онҳо бояд даст бардоранд. Мисоли сардори нозироти андози шаҳри Бусто Ҳусейнов Бедил аст, ки аз магозаи тиҷоратии таҷҳизоти газии “Атикер”, дар роҳи Хуҷанд – Ғафуров моҳе 500 доллар “доля” талаб мекунад ва молики он маҷбур мешавад магозаро ба фуруш гузорад. Чунин мисолҳо бешуморанд ва бо суръат меафзоянд. 

Баргардем ба асли масъала.

Ҷаримабандӣ зимни тасдиқи буҷаи солона, ба буҷа дохил карда мешавад, ки ин хатои маҳз аст! Ин чи маъно дорад? Дар аввали сол муайян мекунанд, ки бо ҳамон миқдори нишондодашуда бояд соҳибкор ҷариманбандӣ шавад.

Тибқи омори Кумитаи андозӣ Тоҷикистон, соли 2017, зиёда аз 200 000 соҳибкорон, дар 6 моҳи нимсолаи аввали соли 2018, 518 ширкати хусусӣ 12 000 соҳибкори инфиродӣ ва мувофиқи гузориши дар Азия Плюс нашршуда, дар 9 моҳи аввали соли 2019, дар Тоҷикистон 259 700 нафар соҳибкорон фаолияти худро қатъ кардаанд. Аз ин шумор 209 000 нафар бо патент, 43 000 нафар бо шаҳодатномаи соҳибкори фаолият дошта, 7500 нафари дигар аз хоҷагиҳои деҳқонӣ. Ин маълумот нисбати ҳамин давраи соли 2017, 25600 нафар ё тақрибан 10% бештар шудааст. Ба сурати умум то 1 – уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 553 100 нафар соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда буд. Вале аз ин миқдор, дар 9 моҳи соли 2019, 259 700 нафар тарки фаолият намуда, 293 400 нафар боқи монда, дар умум, дар 9 моҳ қариб 50% – и соҳибкорон фаолияти худро қатъ намуданд. 

Тарки фаъолият кардани 259 700 нафар соҳибкор, маънои онро дорад, ки боз садҳо ҳазор ҷои кори аз байн рафт. Ба маънои дигар гӯем, аз нони хурдании худ маҳрум шуданд. Соҳибкорон дар Тоҷикистон, асосан бо далели, фишорхои зиёди мақомоти сохторҳои назоратӣ, андози аз ҳад баланд, ҷаримабандии беохир, нархи баланди барқ, пулчинии сохторҳои давлатӣ бо сабабҳои гуногуни беарзиш ва баланд будани фоизи бонкӣ, фаолияти худро қатъ мекунанд. 

Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ фоизи андозҳо хеле баланд аст:

Андози иҷтимоӣ – 25 %

Андози аз арзиши изофашуда – 18 %

Андоз аз даромад – 13 % 

Андоз аз гардиши мол – 5 % 

Ҷамъулҷамъ дар соли 2016 пардохти андоз дар ҷумҳурӣ 81,8 % – ро ташкил намуд. Олимҷон Бобоев, вакили МН МО пешниҳод менамояд, ки андозҳои умумии Тоҷикистон, набояд аз 36 – 40 % зиёд бошад. Ба гуфти ӯ дар Тоҷикистон сатҳи андоз ба 86 % баробар аст. 

Яъне соҳибкор 1 сомонӣ даромад гирад 80 дирамӣ он ба андоз ва 20 дирамӣ боқимонда, ба корҳои дигари соҳибкорӣ сарф карда мешавад. Баъзан аз як сарчашмаи даромад ду карат андоз ситонида мешавад. Масалан, андоз аз истифодабарандагони роҳ, боз аз ҳамон андоз аз арзиши илова шуда ( НДС ) ҳам боздошт мешавад. Соли 2016 Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистонро дар миёни 25 – кишвари ҷаҳон бо андозситонии баландтарин, дар мақоми сеюм ҷой дода буд. Сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,1% – ро ташкил медод,  дар Боливия 83,7% ва Аргентина, ҷои охирро дар андозбандӣ ишғол мекунад. Барои муқоиса бояд, қайд кард, ки моҳонаи миёнаи Боливия, 379 доллар, Аргентина, 373 доллар, Тоҷикистон 127 доллар, қариб се маротиба аз моҳонаи кишварҳо камтар аст. Агар моҳонаи миёнаро ба инобат гирем, Тоҷикистон ҷои охирро ишғол мекунад.

 Бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон, боз ба болои андозбандии баланд, моҳонаи пасттарин, ҷарима бандиҳои қариб ҳар моҳа вуҷуд дорад. Дар боло қайд намудем, ки пули ҷаримабандӣ дар буҷаи солона нишон дода мешавад. Дар ин сурат сохторҳои давлатӣ маҷбуранд, ки бо ҳар баҳона тоҷир, соҳибкор ва ронандаро ҷарима банданд. 

Омилҳои дар боло нишондодашуда сабабгори нотавонии пардохти андоз, аз тарафи соҳибкорон гашт. Раиси Кумитаи андозӣ Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иқрор шуд, ки қарзи соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ аз андоз дар тӯли 9 – моҳи соли 2018, 125 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ӯ дар гузориши худ қайд кард, ки вазъи корхонаҳо хуб нест ва қарзи онҳо ба 823 млн. сомонӣ баробар аст. Ба буҷаи давлатӣ дар 11 моҳи соли 2019, 1,6 млрд  сомонӣ ( 166 млн доллар ) андози давлати камтар ворид шуд, ки ин 7,2% касри буҷа аст.

Дар охири соли 2018 ширкати аудиторию машваратӣ дар гузориши вижае Paying Taxes – 2019, нишон медиҳад, ки меъёри андоз дар Тоҷикистон, 67,3% – ро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбати нишондоди соли 2016, 14,5% кам буда, вале аз кадом намуди андоз кам шуд норавшан аст ва ё дар хабарҳо нашр нашудааст. Нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Европа Шарқӣ, ки модули 32,8 аст, андозбандӣ дар Тоҷикистон ду маротиба зиёд аст. Дар ин раддабандие,ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон, ҷазираҳои Комор ( дар уқёнуси Ҳинд, дар наздикии ҷазираи Мадагаскар воқеъ аст ), Аргентина, Эритрея ( дар соҳили баҳри Сурх, Африқо ), Боливия, Гвинеяи Экваториалӣ ( Африқо ), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Колумбия, ва Афғонистон дар зинаҳои охирон ҷойгиранд. Тибқи ин нишондод,  сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон – 29,4%, Ӯзбекистон – 32,1% ва Русия зиёда аз 32% баробар аст. 

Ҳоло барои ба қонуни андозбандӣ, илова намудани тағйииротҳо, Вазорату кумитаҳои дахлдор кор карда истодаанд. Ман пешниҳод менамоям, ки дар қонун чор зинаи андозбандӣ ворид карда шавад:

– Андозбандии умумӣ барои кулли шаҳрвандон, ки арзиши гардиши молашон, то 1000 000  сомонӣ аст, 30 – 35% андоз муайян карда шавад;

– Шахсоне, ки арзиши гардиши мол ва дороии гайриманқул то 5 000 000 сомонӣ аст, 40 – 45%;

– Шахсоне, ки арзиши гардиши мол ва дороии ғайриманқул то 10 000 000 сомонӣ дошта, 50 – 55%;

– Шахсоне, ки арзиши гардиши мол ва дороии ғайриманқул зиёда 10 000 000 сомонӣ доранд, 60 – 65%.

Баландтарини ин нишондод, аз андозӣ имрӯза қариб 3% кам аст.

Ҳукумате, ки заррае ғамхори миллаташ аст, андозӣ давлатиро аз андозӣ мамлакатҳои ҳамсоя, набояд баланд кунад! Вақте,ки Ҳукумати ҷумҳурӣ андозро ба поён – яъне бо баробари ҷумҳуриҳои ҳамсоя мефарорад, аввалан соҳибкорони фирори боз мегарданд. Сониян, соҳибкороне, ки қариб 300 000 нафар дар дохилӣ кишвар кору фаъолият доранд, фаолияти худро боз бештар мекунанд, ки ин ба рушди истеҳсолӣ дохилӣ ва ҷои корӣ иловагӣ мусоидат мекунад.

Аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ Кумитаи андоз аз тарафи Н. Давлатзода, авлодӣ гардонида шуда, ҳоло зиёда аз 216 нафар хешу табори ӯ бо шумули фарзандону домодҳо, ҳаммаҳалон, аз он ҷумла 34 нафар дар сатҳи роҳбарӣ – аз сардорони раёсатҳо, нозироти то мудирони шӯъбаҳову бахшҳо кору фаолият мекунанд. 

Агар дар тӯли соли 2017 200 000 соҳибкор фаолияти худро бас карда бошад, дар 9 – моҳи аввали соли 2019 260 000 нафар соҳибкор фаъолияти худро қатъ намуданд. Ҳар моҳ нисбати соли 2017, дар соли 2019, қариб 24000 нафари соҳибкор фаолияти худро қатъ карда истодааст. ки ин хело ташвишовар аст.

Додоҷон Ёқубов

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *