Зуҳри дирӯз бузургтарин олими аср Шайх Юсуф Қарзовӣ даргузашт. Миллионҳо нафар дар гӯшаву канори дунё дар бораи ӯ навиштанду навишта истодаанд. Паём ҳам аз ду нафар — Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикитсон, ки Шайхро шахсан мешинохту мулоқотҳое бо ӯ доштааст ва Исломиддини Саид, олим ва коршиноси динӣ хоҳиш кард назар ва хотироти худашон дар бораи Шайх Юсуф Қарзовиро бинависанд.
Муҳиддин Кабирӣ:
Ба аҳли илм, андешамандон ва толибилмони ҷаҳони ислом таслияти худро ба хотири даргузашти яке аз муҷаддидон ва муслиҳони аср изҳор медорам. Доктор Юсуф Қарзовӣ танҳо як олими дин набуд, болотар ва фаротар аз он буд. Бинобар ин, даргузашти у ба маънои талаф додани танҳо як олим нест (мавти олим мавти олам аст — ҳадиси шариф), балки бештар аз он аст. Ӯ дар баробари доштани илм ва фикр ҷасорати баён ва дифоъ аз онро хам дошт. Чизе ки уламои ҷаҳони ислом имрӯз камтар доранд.
Табиист, ки чунин афрод аз тарафи ҳама яксон кабул намешаванд. Тақдири олимони воқеъӣ ҳамин аст. Бо таълифи садҳо китоби фиқҳӣ, фикрб ва таҳқиқотӣ ӯ ҳазорҳо фикри ноб ва ҷасурона ҳам аз худ боқӣ гузошт. Илова бар ин, садҳо фатво ва назари фиқҳии ҷадид дар душвортарин масоили динӣ, ки зиндагии миллионҳо мусалмонро сабуктар кард. Ӯ аз чумлаи нодир уламо буд, ки вазифаи худро дар нақли ривоят ва назарҳои уламои қаблӣ намедид, балки бар асоси сарчашмаҳои мӯътамад назари муосир барои инсонҳои муосир медод. Ӯ олими асри худ буд ва талош мекард ба саволҳои наву кӯҳна ҷавоби нав пайдо кунад. Ҳамин буд ки дар баробари миллионҳо хонандаву пайрав душману рақиби бешумор ҳам дошт. Аммо душманони аслии ӯ ҳукуматҳои фосиду золим ва “уламо”-и дарбориву кӯҳнагаро буданд. Чун андешаҳои ӯ барои ин ду гурӯҳ хатар дошт. Ӯро падари маънавии ихвониҳои олам мегуфтанд. Дар сурате ки нигоҳҳои интиқодии зиёде ба шеваи амали ихвон ҳам дошт. Ӯро пири инқилобгарони ҷаҳони ислом медонистанд. Чун мухолафат бо ҳокимони золиму фосидро ҷоиз медонист.
Аз ӯ хотираҳои ҷолибе дорам, ки ҳар кадом сазовори гуфтану навиштан ҳастанд. Чун ҳар боре Доха мерафтам, ҳатман эшонро зиёрат мекардам. Боре аз уламои тоҷик пурсид, ки чи гуна як нафар худро олими дин мегӯяд аа дар паҳлӯи ҳокими золим ва мухолиф бо арзишҳои динии мардум қарор мегирад. Гуфт хабарҳое аз рафторҳои зидидинии ҳукумат аа ҳамкории бархе олимон бо чунин ҳукумат мерасад . Як ҷумлааш ҳоло хам дар хотирам ҳаст. Гуфт аз ҳама дуъохо бароям дуъои Қунути шумо ҳанафиҳо маъқул аст. Кофист ки ҳар олими ҳанафӣ ҳамон дуъое ки дар намози витр ҳар рӯз мехонад, болояш таъаммул кунад ва ба он пойбанд бошад. Ба хусус ба ин чумла дар дуъои Қунут: “ва нахлаъу ва натруку ман яфҷирук”. Чигуна як одам дар намозаш ҳар руз ин чумларо мегуяд ва боз дар канори чунин ҳоким қарор мегирад. Агар маънои ин ҷумларо намефаҳмад, узр дорад. Агар мефаҳмаду ба он амал намекунад, дуруғгӯ аст. Ё ин дуъоро нахонад ё аз ҳокими золим дифоъ накунад. Тафсир ва фаҳмиши ӯ аз ин дуъои мо бароям хеле ҷолиб буд, чун худам ҳеҷ гоҳ ба он фикр накарда будам.
Боре гуфтам, ки ман ба шумо гоҳо “тӯҳмат” мезанам ва мехоҳам бидонед ва ин “иҷозат”- ро бидиҳед. Пурсид, чӣ тӯҳматест? Гуфтам дар ҷомеъаи мо кам нестанд ҷавононе, ки ба шумо муҳаббати мутаъассибона доранд ва назари шумо барояшон хеле муҳим аст. Боре ҳангоми як суханронӣ бо ҷавонони тоҷик ин фикри ҷолиби доктор Шариъатӣ зеҳнам омад ва барои мавзӯъ ва ҳоли онрӯзаи ҷомеъаи мо муносиб буд. Аммо, толор он толоре набуд, ки аз андешаҳои Шариъатӣ иқтибос шавад. Бадоҳатан пас аз иқтибос гуфтам ки ба назарам ин ҷумла ва назари доктор Қарзовӣ аст. Дар сурате, ки медонистам ин ҷумлаи шумо нест. Аммо, бо фикрҳои шумо ҳам мухолиф нест. Марҳум хеле хандид ва гуфт дар чунин ҳолат ин тӯҳмат нест, ҳикмат аст.
Ёдашон ба хайр ва ҷояшон ҷаннат бод!
Исломиддини Саид:
Мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳама мо ба сӯи Ӯ аст.
Имрӯз ҷаҳони Ислом хоссу ом ҳама аз даргузашти имоми аср доктор Юсуф Қарзовӣ мегӯянду менависанд.
Донишмандони саршиноси ҷаҳони Ислом аз ӯ ба унвонҳои гуногун ёд карда, аз мақому манзалати илмӣ ва талошу ҷоннисориҳои ӯ дар роҳи илму маърифат ва хидматҳои шоистаи ӯ барои уммати исломӣ гуфтаанд.
Яке аз донишмандони муосир Торик Сувайдон ин ҷумларо дар ҳақи Шайх фармуданд: «дар асри ҳозир ягона нафаре ки орзу дорам ҳангоми рафтанам ба мулоқоти Худованд, амалҳоям ба монанди ӯ бошад, шайх Қарзовӣ аст».
Доктор Аҳмад Райсунӣ Шайх Қарзовиро фақеҳ ва муфтии уммат, муҷаддид ва имоми аср номиданд.
Шайх Муҳаммад Ҳасан Дадв, дар таъзияи худ дар мавриди аллома Қарзовӣ фармуданд:
«Уламо меросбарони паёмбаронанд ва дар асри ҳозир Шайх Қарзовӣ бештарин ҳиссаро аз мероси Паёмбар (с) ба ҳамроҳ дошт».
Ба ин монанд ҳазорҳо нафар дар саросари ҷаҳон аз вижагиҳо, ҷойгоҳи илмӣ ва хизматҳои шоёни ӯ ёд мекарданд.
Дар воқеъ шайх Қарзовӣ дар асри Худ дар ҳавзаи улуми шаръӣ ягона буд ва тақрибан ёфт намешавад олиме, ки аз навистаҳо ва иҷтиҳодоти ӯ мутаассир нашуда бошад, ҳамин аст ки донишмандони ҳавзаи динӣ ӯро имоми аср, пешоҳанги муҷаддидон, имоми эътидолу васатият ва фақеҳи уммат мегӯянд.
Дар мавриди ҷойгоҳу манзалати илмии Шайх Қарзовӣ ва эътибору маконати ӯ дар ҷомеъаҳои исломӣ ҳамин гувоҳии уммати исломӣ кофист.
Ҳоло чунин пурсише пеш меояд, ки шайх Қарзовӣ чӣ вижагиҳои хоссе ба фарқ аз дигар донишмандони замони худ доштанд, ки чунин ҷойгоҳро шоистаи ӯ медонанд.
Чун агар таълифи китоб, тадрис дар ҳавзаҳои шаръӣ, ҳамкорӣ бо ҳаракатҳои исломӣ, изҳори назар дар масоили рӯз, узвият дар созмонҳо ва ҷамъиятҳои илмӣ ва динӣ, ироаи хитобаҳо дар масоҷид ва ғайраро дар назар бигирем, пас кам нестанд уламои диние ки ин ҳамаро доранд.
Бо андак тааммул дар таълифот ва изҳори назарҳои фиқҳӣ ва шаръии ӯ маълум мегардад, ки шайх Қарзовӣ (р) манҳаҷ ва мактаби эътидол, осонгирӣ, иҷтиҳод ва таҷдидро дар замоне, ки ташаддуд, тангназарӣ тақлиди бечуну чаро ҷавлон мекард, бо шуҷоати тамом ва огоҳии комил аз сар гирифтаанд, ки роҳро барои уламои замони худ боз карданд.
Ҷой дорад дар ин мақом назари яке аз мутафаккирони муосир доктор Ҷосим Султонро ки дар як ҷумла тавсифи зебо ва ҷомеъаи аз Шайх (р) карданд, биёварем:
“Аллома Қарзовӣ (р) яке аз донишмандони бузурги уммат буданд, эшон ба манзалаи сояи азиме буданд, ки дар лаҳзаҳои душвори даҳҳаҳои шаст, ҳафтод, ҳаштод ва навад, худро аз гармои офтоби ташаддуд ва тангназарӣ ҳимоят мекардем. Шайх (р) назарҳоеро матраҳ намудаанд, ки бар асри худаш пешӣ доштанд, бо фишорҳо сиёсӣ ва ташаддуд муқобила карданд ва дар роҳи худ ва гуфтани ончиро, ки ҳақиқат мепиндоштанд, собит ва устувор боқӣ монданд».
Дар инҷо доктор Ҷосим Султон шайх Қарзовӣ (р) ро ба дарахти азиме ташбеҳ карданд, ки дар сояи ӯ худро аз гармии офтоби сӯзони ташаддуд ва тангназарӣ ҳимоят мекарданд, ки воқеан таъбирест бисёр огоҳона ва воқеъбинона.
Намуна бар ин гуфтаи доктор он ҳам аз шахсияте ба андозаи Шайх Ғазолӣ (мисрӣ).
Нақл мекунанд шайх Ғазолӣ аз Аллома Қарзовӣ (р) бо иззат ва эҳтироми хоссе ёд мекард ва ӯро ба манзалаи ҳомии худ медонист.
“Зеро масъала ва мавзуъеро, ки ман матраҳ созам мавриди ҳуҷум ва интиқоди сахте қарор мегирам, вале Шайх Қарзовӣ ҳамон мавзӯъ ва масъаларо метавонад тарзе матраҳ созад, ки рақибаш фурсат ва маҷоле барои ҳуҷум ба ӯро надошта бошад”.
Мегӯянд замоне китоби Шайх Ғазолӣ «Суннату-н-набавия байна аҳли-л-фиқҳи ва аҳли-л-ҳадис», нашр шуд, сару садои зиёдеро ба бор овард ва ҳаждаҳ китобу чандин раддияҳои дар шаклҳои гуногун нашру пахш гардид. Вақте ба Шайх Ғазолӣ хабар доданд, ки китоби Юсуф Қарзовӣ бо номи «Кайфа натаъомал маъа-с-суннат», нашр мегардад, ниҳоят хушҳол шуданд ва гуфтанд: “Шайх Қарзовӣ ба зуди ҳама он захмҳоеро, ки ман боз кардаам мудово мекунад агарчӣ ҳеҷ ҳамоҳангии дар ин хусус байни мо нашудааст. Ва ҳама ончиро ки ман матраҳ кардаам ва мавриди ҳуҷум қарор гирифтам, аз ӯ қабул мекунанд ва ҷуръат ҳам намекунанд бар ӯ раддия бинависанд, зеро ӯ ҳама ончиро ки ман матраҳ сохтаам асоснок мекунад”.
Ҳангоме китоб ба нашр расид ҳамон гуна шуд, ки шайх Ғазолӣ (р) фармуда буданд.
Ин вижагиҳои мунҳасир ба фарди ӯ донишмандони шаръиро водор кардааст, ки ӯро имоми аср, фақеҳ ва муфтии уммат ва устоду муаллим ва мураббии худ бидонанд.
Дар воқеъ барои муъаррифӣ кардани чунин шахсияти бузурге ба монанди Шайх Қарзовӣ (р) ниёз ба вақти кофӣ ва ковиши ҳамаҷонибаи ҳаёту зиндагии ӯро лозим дорад.
Худованд ҳамнишинии паёмбарон сиддиқин ва шуҳадоро дар ҷаннатулфирдавс барои Шайх(р) насиб фармояд!