Рубрики Хабарҳо

Ҳукумати Афғонистон бори дигар оташбасро пешшарти оғози гуфтугӯҳо номид

Арк раёсатҷумҳурии Афғонистон бори дигар оташбасро пешшарте барои гуфтугӯҳои сулҳ дар кишвар қарор дод. Содиқ Содиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ, рӯзи якшанбе, дар сафҳаи корбарии твиттери худ навишт: “Коҳиши хушунат маънои дақиқи низомӣ, ҳуқуқӣ ва ҷанбаи амалӣ надорад.” 

Ба гуфтаи Содиқӣ, тарҳи ҳукумат барои шурӯъи гуфтугӯҳои сулҳ, барқарории оташбас аст. Содиқӣ дар ин паёми твиттерӣ тасреҳ кардааст, ки оташбаси мавриди назари ҳукумат, оташбасе аст, ки ду сол пеш дар рӯзҳои иди рамазон барқарор шуда буд. Ў гуфтааст, ки ин оташбас таърифи возеҳ дошт. 

Содиқ Содиқӣ ҳамчунон таъкид кардааст, ки барои ҳукумат таъмини сулҳ ба маънои хатми ҷанг аст. Ў афзудааст, ки бурузи ҳар навъи хушунат метавонад ба маънои идомаи ҷанг бошад. Содиқӣ бидуни ишора ба тарҳи хоссе дар заминаи сулҳ, гуфтааст, ки ниёз аст то тарҳҳои ироа‎шуда, возеҳ бошад. 

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон тарҳи ҳафт модаи ҳукумат дар заминаи сулҳро рӯзи сешанбе, пеш аз шурӯъи даври тозае аз гуфтугӯҳои Амрико ва Толибон ҳамагонӣ кард. Дар ин тарҳ, оташбас, пешшарти ҳукумат барои шурӯъи гуфтугӯҳои расмии сулҳ бо гурӯҳи Толибон эълом шудааст. Ҳамидуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ, ҳангоми ироаи ин тарҳ гуфт, ки ҳадаф аз вазъи ин пешшарт, исботи якдаст будани Толибон ва тасаллути ин гурӯҳ бар ҷанги худ дар кишвар аст. 

Пеш аз шурӯъи даври тозае аз гуфтугӯҳои намояндҳагони Амрико ва Толибон, иттиҳодияи Аврупо низ хостори азсаргирии фаврии ин гуфтугӯҳо бо пешшарти оташбас шуда буд. Ин хостро Ролан Кубё, фиристодаи вежаи иттиҳодияи Аврупо барои Афғонистон, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул матраҳ кард. Кубё гуфт, ки мантиқ, гуфтугӯи сулҳи тавъам бо ҷангро намепазирад. Ў аз гурӯҳи Толибон хост, ки даст аз ҷанг бикашад. Ў таъкид кард, ки мавзеъи иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки гуфтугӯҳои Амрико ва Толибон бояд бо меҳварияти ҳукумати Афғонистон ва бо пешшарти оташбас оғоз шавад. 

Нӯҳ даври гуфтугӯ байни намояндагони Амрико ва Толибон моҳе қабл мутаваққиф ва лағв шуда буд. Доналд Трамп, раисҷумҳур Амрика, далели лағви ин гуфтугӯҳо пас аз ҳамлаи мотори бомбии Толибон ба Шашдарки шаҳри Кобулро афзоиши хушунатҳо тавассути ин гурӯҳ эълом кард. Дар ин ҳамла як сарбози амрикоӣ ва ёздаҳ ғайринизомии афғон кушта шуданд. 

Намояндагони Амрико ва Толибон пас аз се моҳи таваққуфи гуфтугӯҳо дар шонздаҳуми қавс гуфтугӯҳояшон перомуни сулҳи Афғонистонро аз сар гирифтанд. Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон,пас аз анҷоми даври тозае аз сафарҳояш ба Қатар дар сӯҳбат бо мақомоти афғон гуфт, ки ӯ аз гурӯҳи Толибон хостори коҳиши хушунатҳо шудааст. Гурӯҳи Толибон низ таъйид кардааст, ки ин хост аз ҷониби Амрико матраҳ шуда ва ин гурӯҳ саргарми раъйзании дарунӣ дар ин бора аст. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон, дар паёме ба расонаҳо гуфт, ки Толибон дар ҳоли ҳозир саргарми раъйзании даруни гурӯҳӣ бар сари “коҳиши хушунатҳо” аст. Пеш аз он, расонаҳо аз раъйзании дарунии гуруҳи Толибон бар сари барқарории оташбаси ҳафтрӯза то даҳрӯза гузориш дода буданд. Муҷоҳид, аммо гузориши ин расонаҳоро такзиб кард ва гуфт, ки гурӯҳи Толибон ҳеҷ тасмиме дар бораи оташбас надорад ва баҳсе ҳам дар бораи он накардааст. 

 Каме баъдтар як дипломати сафорати Амриоа дар Кобул ба рӯзномаи 8-и сабоҳ аз сафари қарибулвуқӯъи Залмай Халилзод ба Қатар хабар дод. Ба гуфтаи ин дипломат, Залмай Халилзод қарор аст дар ин сафар тааҳҳуди гурӯҳи Толибон мабнӣ бар коҳиши хушунатҳоро ба даст овард. Дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта шуморе аз расонаҳо аз анҷоми ин сафар гузориш додаанд, аммо манобеъи расмие то кунун анҷоми ин сафарро таъйид ё рад накардаанд. 

Коҳиши хушунатҳо яке аз масоили мавриди тавофуқи намояндагони Амрико ва Толибон пеш аз таваққуфи гуфтугӯҳои ду тараф дар охири соли гузашта буд. Ин тавофуқ дар изои хурӯҷи тадриҷии ҳазорон сарбози амрикоӣ аз панҷ пойгоҳ дар Афғонистон, ба даст омада буд. Тибқи ин тавофуқ, оташбас як масъалаи дохилии таъриф шуда буд, ки бояд худи афғонҳо рӯйи он ба тавофуқ мерасиданд. Аммо тавофуқи мазкур пеш аз он ки мавриди таъйиди Доналд Трамп воқеъ шавад, лағв шуд. 

Раёсатҷумҳурии Афғонистон дар тозатарин мавзеъгирии худ ишорае ба тарҳи хоссе накардааст, ки дар он аз коҳиши хушунатҳо ба унвони пешшарти шурӯъи гуфтугӯҳо ёд шуда бошад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷониби Амрико ва Толибон аз анҷоми гуфтугӯи рӯйи коҳиши хушунатҳо хабар додаанд, эҳтимолан мавзеъгирии твиттерии сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ вокунише ба ҳамин хабар будааст. Сарфи назар аз ин ки твитти тозаи Содиқ Содиқӣ кадом тарҳҳо барои сулҳро нишона рафтааст, баёнгари тафовути дидгоҳ байни Амрико ва Толибон аз як тараф ва ҳукумати Афғонистон аз тарафи дигар аст. Бо ин тафовути дидгоҳ бояд мунтазир монд, ки талошҳо дар заминаи шурӯъи гуфтугӯҳои сулҳ ба чӣ натиҷае мунтаҳӣ хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *