Рубрики Хабарҳо

Халифа Ҳафтар вориди Маскав шуд

Халифа Ҳафтар, фармондеҳи шибҳинизомиён дар шарқи Либия барои баррасии оташбас вориди Маскав шуд. 

Ба гузориши хабаргузории “Sputnik ”, Халифа Ҳафтар, фармондеҳи шибҳинизомиён дар шарқи Либия барои баррасии оташбас вориди Маскав пойтахти Русия шуд. 

Бар асоси ин гузориш, Файз Мустафо Ас-Сироҷ раиси Шӯрои раёсати давлати вифоқи миллии Либия низ имрӯз ба Маскав сафар хоҳад кард. 

Мақомоти рус пештар эълом карда буданд, ки Ҳафтар ва Ас-Сироҷ рӯзи душанбе ба Маскав омада ва бо масъулини ин кишвар масъалаи Либияро баррасӣ хоҳанд кард. 

Гуфтанист Раҷаб Тайииб Урдуғон раисҷумҳури Туркия ва Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар 8 январ дар ҷараёни ифтитоҳи хатти лӯлаи ҷараёни турк дар Истамбул, аз тарафҳои даргирӣ дар Либия хостори барқарории оташбас аз нимашаби 12 январ шуда ва онҳоро ба нишастан бар сари мизи музокира барои дастёбӣ ба сулҳ даъват карданд. 

Шибҳинизомиёни генерали кудатогар Халифа Хафтар, ки тавассути Амороти муттаҳидаи арабӣ, Арабистони саудӣ Русия, Миср ва Урдун ҳимоят мешаванд, аз 12 декабри 2019 борҳо ба манзури ба тасарруф даровардани Траблус аз шарқи Либия ба ин шаҳр ҳамла карданд. Ягонҳои вобаста ба Шӯрои раёсатҷумҳурии давлати вифоқи миллии Либия низ, ки тавассути Созмони милал ба расмият шинохта мешавад, дар вокуниш ба таҳаррукоти низомии Ҳафтар дар Траблус амалиёти “Биркон-ул-ғазаб”- ро оғоз кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *