Рубрики Хабарҳо

Шумори куштаҳои ғайринизомӣ дар Афғонистон 42 дарсад афзоиш ёфтааст

Омори кушташудагони ғайринизомӣ дар Афғонистон ба наҳви чашмгире афзоиш ёфтааст. Бар асоси гузориши Созмони милали муттаҳид дар се моҳаи севуми соли ҷорӣ ҳудуди 1200 ғайрнизомӣ дар пайи даргириҳои мусаллаҳона ва ҳамалоти хушунатомез дар ин кишвар кушта шудаанд. 

Омори ғайрнзомиёне, ки дар пайи даргириҳои мусаллаҳона дар се моҳаи севуми соли ҷории мелодӣ дар Афғонистон кушта шудаанд, дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар соли гузашта афзоиши 42 дарсадиро нишон медиҳад. Ин омор бар асоси гузоришӣ аст, ки комиссияи Афғонистон Созмони милали муттаҳид рӯзи панҷшнбе 17октябр мунташир кардааст. 

Дар гузориши Созмони милал омадааст, ки дар ин боза замоне ҳудуди 1200 ғайринизомӣ кушта ва беш аз се ҳазору сад нафари дигар захмӣ шудаанд. 

Ин теъдод бештарини шумори куштаҳои ғайринизомӣ дар Афғонистон аз замони сабти омори хисороти инсони ношӣ аз ҷанги ин кишвар дар соли 2009 мелодӣ, дар Созмони милали муттаҳид аст. 

Афзоиши ҳамалот тайи музокироти сулҳ 

Боло рафтани шадиди шумори кушташудагони ғайринизомӣ дар Афғонистон аз аввали июл то 30 сентябри соли ҷорӣ ба таври умда ба далели афзоиш  теъдоди ҳамалоти гурӯҳи исломгарои Толибон будааст. 

Дар ин замони музокироти миёни Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва нерӯҳои Толибон дар бораи пайдо кардани як роҳи ҳали сиёсӣ барои мушкили Афғонистон ва поён додан ба ҷангу хунрезӣ дар ин кишвар дар ҷараён буд. 

Ба гуфтаи коршиносони минтақаӣ ҳамаи тарафҳои даргир мехостанд аз тариқи афзоиши ҳамалот ва фишорҳои низомӣ ба имтиёзоти бештаре дар музокирот сулҳ даст ёбанд. 

Дар авоили сентябр (ҳудуди як моҳ ва ним пеш) Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба таври ғайримунтазирае, андаке пеш аз дастёбӣ ба тавофуқ бо нерӯҳои Толибон, музокироти сулҳро мутаваққиф кард. 

41 дарсади қурбониёни ғайринизомӣ занон ва кӯдакон ҳастанд 

Дар шаш моҳаи аввали соли 2019 теъдоди кушташудагони ғайринизомӣ дар пайи ҳамалоти Толибон ва шабҳнизомиён “давлати исломӣ”(Доъиш) дар Афғонистон коҳиш ёфт. Аммо шумори ғайринизомиёне, ки дар пайи ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои эътилоф кушта шуда буданд дар ин замон бештар шуд. 

Аз январ то сентябри соли ҷорӣ беш аз 40 дарсад кушташудагони ғайринизомӣ ба думболи инфиҷорҳои интиҳорӣ ва бомбагузорӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҳудуд як севум аз қурбониён дар пайи даргириҳои низомӣ кушта шуданд. Аз ҳар панҷ қурбонии ғайринизомӣ ду тан зан ва кӯдак буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *