Рубрики Хабарҳо

Баёнияи муштараки Туркия ва Амрико дар бораи Сурия

Дар баёнияи муштараки Туркия ва Амрико омадааст, Амрико нигарони амнияти машрӯъи Туркия нисбат ба марзҳои ҷанубии худро дарк мекунад. 

Баёнияи муштараки Туркия ва Амрико дар бораи тавофуқи ду кишвар бар хурӯҷи гурӯҳи террористии ИПГ ПКК аз шимоли Сурия, пас аз дидори ҳайатҳои сиёсии олирутбаи Туркия ва Амрико ба риёсати Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва 

Майк Пенс, муовини аввали раисҷумҳур Амрико мунташир шуд. 

Матни баёнияи ба шарҳи зайл аст: 

1- Амрико нигарони амнияти машрӯъи Туркия нисбат ба марзҳои ҷанубии худро дарк мекунад. Ҳар ду кишвар ба унвони аъзои НАТО бар лузуми ҳамкории бештар майдонӣ ба вижа дар шимоли шарқи Сурия дар ростои манофеъи муштарак таъкид мекунанд. 

2- Туркия ва Амрико мусаммам ба идомаи мубориза бо Доъиш дар шимоли шарқи Сурия ҳастанд. 

3- Туркия ва Амрико бо шиори “яке барои ҳама, ҳама барои яке” ба тааҳҳудоти худ ҷиҳати ҳифозат аз хоки НАТО ва мардумҳои он пойбанд ҳастанд. 

4- Ҳар ду кишвар бар тааҳҳуди худ дар заминаи ҳифозат аз ҷони мардум, ҳуқуқи башар ва ақаллиятҳои динӣ ва қавмӣ таъкид мекунанд. 

5. Туркия ва Амрико мусаммам ба идомаи мубориза бо Доъиш дар шимоли ғарби Сурия ҳастанд. Ин ҳамкорӣ шомили афроде, ки дар манотиқи таҳти контроли Доъиш зиндагӣ карда ва аз минтақаи худ ихроҷ шудаанд ва зиндонҳо низ мешавад. 

Ду кишвар мувофиқ ҳастанд, ки танҳо аносири террористӣ, махфигоҳ, паноҳгоҳ, мавозеъ, силоҳ ва васоили нақлияи мутааллиқ ба онҳо мавриди ҳадафи амалиётҳои мубориза бо терроризм қарор бигиранд. 

7. Тарафи турк, мутааҳҳид аст то амнияти сокинон манотиқи амни таҳти контроли нерӯҳои Туркияро таъмин кунад ва барои ҷилавгирӣ аз осеб расидан ба ғайринизомиён ва зерсохтҳо ниҳояти диққат ва ҳассосиятро ба харҷ диҳад. 

8. Ҳар ду кишвар бар пойбандии худ бар тамомияти арзи Сурия ва ҳали бӯҳрони Сурия дар чорчӯби қатъномаи 2254 Шӯрои амният таъкид мекунанд. 

9. Ҳар ду кишвар тавофуқ мекунанд, ки силоҳҳои ИПГ -ро ҷамъоварӣ ва мавозеъи ПГ мунҳадим шавад ва нигарониҳои амнияти Туркия рафъ шавад. 

10. Минтақаи амн дар контроли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия хоҳад буд ва ҳар ду тараф ҳамкорӣ дар заминаи минтақаи амнро афзоиш хоҳанд дод. 

11. Тарафи турк дар қиболи тазмин барои хурӯҷи ИПГ тайи 120 соат аз минтақаи амн ба идомаи амалиёти низомӣ вақфа хоҳад дод. Амалиёти “Чашмаи сулҳ” пас аз поёни хурӯҷи ИПГ мутаваққиф хоҳад шуд. 

12. Тайи муддатзамони таваққуфи амалиёти “Чашмаи сулҳ”, Амрико ба ҷуз Blocking Property and Suspending Entry of Certain Persons Contributing to the Situation in Syria, ки дар 14 октябр бо фармони иҷроии риёсатҷумҳурӣ эъмол шуд, таҳрими ҷадид алайҳи Туркия эъмол накунад ва бо талоше муносиб ба кунгира бипазироянд, ки масири мусбате дар роҳи сулҳ ва амнияти Сурия дар чорчӯби қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти сурат гирифтааст. Ҳангоми поёни амалиёти “Чашмаи сулҳ” тибқи мафоди банди 11 ин баёния таҳримҳои пешин низ лағв хоҳанд шуд. 

13-Ҳар ду тараф мутааҳҳид ҳастанд, ки барои таҳаққуқи куллияи аҳдофи сабт шуда дар ин баёния бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *