Рубрики Хабарҳо

Сафорати Тоҷикистон дар Киев фаъолияти худро дубора шурӯъ кард

Сафорати Тоҷикистон дар Украина ба таври муқаррарӣ ба кори худ оғоз кардааст. Дар ин бора Давлат Назрӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина дар саҳифаи Фейсбуки сафорат навиштааст.

Давлат Назрӣ навиштааст, «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки аз 4 апрели соли 2022 сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳат мебошанд”.

Сафир афзудааст, “Мо дар Киев ҳастем. Шаҳр нисбатан ором аст. Сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шаҳрвандони мо бо мо тамос мегиранд. Берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Харков ва дигар минтақаҳои хатарнок идома дорад”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 феврал Русия бо баҳонаи «демилитаризатсия» ва «денатсификация» ба хоки Русия ҳуҷум кард. Аксари сафоратхонаҳо дар Киев баста шуданд. Баъзе аз кишварҳо сафорати худ дар украинаро муваққатан ба минтақаҳои бехатар кучониданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *