Дар ҳоле, ки набард бар сари Мариупол дар Укроин идома дорад, Вадим Бойченко, шаҳрдори ин бандар мегӯяд, дар шаш ҳафтаи ҳамалоти Русия беш аз 10 ҳазор нафар дар ин шаҳр кушта шуданд. Раисҷумҳури Укроин хостори силоҳи сангин барои дифоъ аз Мариупол шуд.
Вадим Бойченко гуфт, ҷасадҳо “хиёбонҳоро фарш кардаанд”. Ў афзуд, Мариупол дар ин шаш ҳафта ҳадафи сангинтарин ҳамалот буда ва амалиёти Русия аз замин, баҳр ва ҳаво барои ишғоли шаҳр иттилоърасонӣ аз авзоъи дохилии шаҳр ба берунро ба сурати афзояндае маҳдуд кардааст.
Ӯ, ки аз тариқи телефон бо хабаргузории Ассошиэйтед-Пресс сӯҳбат мекард, нерӯҳои русиро ба ҷилавгирӣ аз вуруди корвонҳои башардӯстона ба дохили шаҳр ба манзури қатъи иртиботи он бо дунёи хориҷ муттаҳам кардааст.
Бойченко ҳушдор дод, ки шумори кушташудагон метавонад аз 20 ҳазор нафар низ бештар шавад.
Ӯ гуфт, нерӯҳои русӣ бо худ таҷҳизоти сӯзондани ҷасад овардаанд то аҷсоди қурбониёнро дар он бисӯзонанд.
Шаҳрдори Мариупол афзуд, ки дар айни ҳол гузоришҳои роҷеъ ба ҷамъоварии ҷасадҳо тавассути нерӯҳои русӣ ва қарор додани онҳо дар яхдонҳои як маркази хариди бузург шунидааст.
Зеленский дархости кумак кард
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин барои дифоъ аз Мариупол дархости кумак карда ва гуфтааст, нерӯҳои укроинӣ барои дифоъ аз ин шаҳр ба силоҳҳои сангин эҳтиёҷ доранд.
Зеленский ҳушдор дод, ки танҳо замон нест, ки аз даст меравад, балки ҷони инсонҳост, ки фидо мешавад.
Ӯ гуфт, сабабгорони ин вазъ касонеанд, ки то кунун Укроинро муҷаҳҳаз ба силоҳи сангин накардаанд. Раисҷумҳури Укроин барои чандумин бор ба Русия ҳушдор дод то дар ин ҷанг аз силоҳҳои шимиёвӣ истифода накунад.
Зеленский бо ин ҳоли гузоришҳои марбут ба истифода аз як навъи модаи шимӣ аз сӯи сарбозони русӣ дар Мариуполро рад кард.
Пештар ҳанги (полки) “Азов”-и Укроин дар Мариупол эълом кард, ки “нерӯҳои русӣ аз як модаи ношинохтаи шимӣ алайҳи нерӯҳои укроинӣ ва мардуми Мариупол истифода кардаанд.”
Кишварҳои ғарбӣ ба Русия ҳушдор додаанд, ки дар сурати б коргирии силоҳҳои шимиёвӣ ё дигар силоҳҳои куштори ҷамъӣ бо паёмадҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Элизабет Трасс, вазири хориҷаи Бритониё дар твитте навишт, гузоришҳои марбут ба ин шаҳр дар дасти баррасӣ аст ва ҳар гуна истифода аз чунин силоҳҳои авзоъи ҷангро вахимтар мекунад ва масъулияти он низ бар ӯҳда Владимир Путин, раисҷумҳур Русия аст.