Рубрики Хабарҳо

Ба ду варзишгари тоҷик визаи Шенген надоданд

Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ, ду ҷудокори ҳирфаӣ ва узви тими миллии ҷудои кишвар наметавонанд дар мусобиқоти Ҷоизаи бузурги ҷудои Партугалия — «Grand Prix Portugal», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи ин кишвар баргузор мегардад, ширкат кунанд Тибқи иттилоъи Федератсюни ҷудои Тоҷикистон сабаби роҳ наёфтани ду варзишкори ҳирфаии тоҷик ба ин мусобиқот дарёфт нашудани визаи Шенген будааст.

Гуфта мешавад бо сабабҳои номаълум дарёфти визаи Шенген барои онҳо рад шудааст. Ҳафтае қабл варзишагорони тоҷик барои тамрин ба шаҳри Миттерсили Утриш рафта буданд. Онҷо ҳам байнашон ин ду нафар ширкат надоштанд. 

Ба дастаи миллии ҷудои кишвар 7 ҷудокор: Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) шомиланд.

Тамура Тори, мураббии соҳибтахассуси ҷопонӣ дастаро ҳидоят хоҳад кард.

Ҳамзамон, бо оғози фасли нави ҷудои ҷаҳонӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷудокорон барои касби саҳмияи Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис — 2024 талош хоҳанд кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *