Урсула фон дер Ляйен, раиси комиссияи Аврупо дар иҷлоси ҷаҳонии DAOS бо пуштибонӣ аз қарор додани Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар листи созмонҳои террористӣ гуфт ин иқдом метавонад посухе ба “нақзи ҳуқуқи асосии башар” дар Ҷумҳурии Исломӣ бошад.
Равобити байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Теҳрон дар моҳҳои ахир ва таваққуфи талош барои эҳёи музокироти ҳастаӣ рӯ ба вахомат будааст. Теҳрон чанд шаҳрванди аврупоиро боздошт карда ва Иттиҳодияи Аврупо саркӯби мардуми мӯътариз, аз ҷумла эъдомҳоро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.
Сешанбе 17 январ, раиси Комиссиюни Аврупо дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар Давоси Суис ба хабарнигорон гуфт: “вокуниши режими Эрон ба эътирозот бераҳмона ва ваҳшатнок аст ва ин низоми ноқизи ҳуқуқи асосии башар аст.”
Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли баррасии даври чаҳоруми таҳримҳо алайҳи Теҳрон ба далели саркӯбҳо ва ирсоли таслиҳот ба Русия аст.
Манобеъи дипломатик мегӯянд, ки кадрҳои Сипоҳи Посдорон ҳафтаи оянда ба феҳристи таҳримҳо изофа хоҳанд шуд.
Аммо бархе аз кишварҳои узв аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд фаротар рафта ва Сипоҳро ба унвони “Созмони террористӣ” табақабандӣ кунад. Интизор меравад Бритониё дар ҳафтаҳои оянда дар ин робита тасмим бигирад.
Урсула фон дер Лейен гуфт: “мо воқеан ба думболи даври ҷадиде аз таҳримҳо ҳастем ва ман аз қарор додани Сипоҳ дар лист низ ҳимоят мекунам. Ман шунидам,ки чанд вазир ин дархостро доранд ва фикр мекунам ҳақ бо онҳост.”
Тазоҳуроти густурдаи зидди ҳукуматӣ дар Эрон пас аз ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ, духтари 22 солаи курд дар боздоштгоҳи Гашти Иршод ду моҳ қабл шурӯъ шуда ва идома дорад.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бо муттаҳам кардани кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Иёлоти муттаҳида ба таҳрики нооромиҳо, саркӯби мӯътаризонро дар пеш гирифта ва барои шуморе аз дастгиршудагон ҳукми эъдом содир карда ва то кунун 4 ҷавони мӯътаризро ба дор овехтаанд.
Қарор додани Сипоҳи Посдорон дар листи “Созмонҳои террористӣ” ба ин маънӣ аст, ки узвият дар ин гурӯҳ, ҳузур дар фаъолиятҳои онҳо ва ҳамлу насби нишони он дар малаъи омм ҷурм маҳсуб мешавад.
“Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ” дар соли 1980 барои ҳифозат аз низоми ҳокими шиа дар Эрон ва густариши “инқилоби исломӣ” дар ҷаҳон таъсис шуд. Ба ҳамин далел ин нерӯи мусаллаҳ номи “Эрон” бар худ надорад. Фармондеҳони Сипоҳ борҳо бар ин вижагӣ такя кардаанд.
Сипоҳи Посдорон бар бахшҳое таъйинкунанда аз иқтисоду нерӯҳои мусаллаҳ даст андохта ва масъулияти барномаҳои мушакӣ ва ҳастаии Эронро бар ӯҳда дорад.
Пекка Хаависто, вазири хориҷаи Финланд дар гуфтугӯ бо Рейтерз гуфтааст, ки эъдомҳои “ҳавлнок”, ба таъвиқ андохтани тавофуқи ҳастаии Эрон (Барҷом) ва ирсоли паҳподҳо ва таслиҳот аз Эрон ба Русия, ниёз ба вокуниши қотеъона дорад.
Вазири хориҷаи Финланд гуфт: “ҳамаи ин корҳо, ҳуқуқи башар, ирсоли таслиҳот ба Русия ва мамониъат аз тавофуқи ниҳоии Барҷом аз авомили манфӣ ҳастанд.” Ӯ афзуд, ки дар миён аъзои Иттиҳодияи Аврупо баҳс дар бораи таҳримҳои бештар алайҳи режими Теҳрон ва ворид кардани Сипоҳи Посдорон ба феҳристи созмонҳои террористӣ дар ҷараён аст.