Рубрики Хабарҳо

Нозири зидди сӯхтор бо 18 000 ришва боздошт шуд

Нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар Ҳисор Искандар Асоев ба гумони даст доштан ба порагирӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шуд.

Бино ба маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, ӯ ба сокини маҳаллӣ ваъда додааст, ки ба ивази 18 ҳазор сомонӣ ӯро ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа қабул мекунад.

Гуфта мешавад, Искандар Асоев ҳангоми гирифтани пул бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, муофиқи ин модда ба ӯ ҷазои то 5 соли зиндон ё ҷарима ба маблағи то 54 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *