Categories Хабарҳо

Талаби пардохти товони сангин дар ивази кудакони асири Фалистинӣ

Ҳайати умури асирон ва озодагони фаластинӣ боздошти даҳҳо кӯдаки фаластиниро ба далели пардохт карда натавонистани товон найранге аз сӯйи режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз озодии ин кӯдакон донист.

Бо ифшои найранги додгоҳҳои режеми саҳюнистӣ, ки аз тариқи пардохти товонҳои сангин аз озодии кӯдакони фаластинӣ аз зиндонҳои ин режим мамониат мекунанд, эълом кард, саҳюнистҳо  моҳи сентябри соли гузашта 30 кӯдаки фаластиниеро, ки дар зиндони Оффер дар боздошт ба сар мебаранд, муваззаф ба пардохти товон кардаанд. Ҳайати умури асирону озодагони фаластинӣ бо ишора ба ин ки ҳамакнун 152 кӯдаки фаластинии аз 18-сола поён дар зиндони Оффер дар боздошт ба сар мебаранд, афзуд, додгоҳҳои режими ишғолгари Исроил барои кӯдакони фаластинӣ қасдан товонҳои сангини молӣ содир мекунанд, то онҳоро ҳамчунон дар банд нигаҳ доранд.

Хабари дигар ин ки дар ҷараёни даргириҳои шаби гузаштаи ҷавонони фаластинӣ бо низомиёни саҳюнист дар яке аз рустоҳои Қудси ишғолӣ дастикам ду тан аз сокинони фаластиниасл боздошт шудаанд. Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳамчунин пас аз амалиёти муқовиматии Мисбоҳ Абусабеҳ, иҷрокунандаи амалиёти муқовиматӣ дар минтақаи Салвон юриш бурда, се нафар аз аъзои хонаводаи ӯро боздошт кардаанд. Мисбоҳ Абусабеҳ рӯзи якшанбе, пас аз амалиёти зиддисаҳюнистӣ бинобар зарби гулӯлаи низомиёни Исроил дар шаҳраки Ром ба шаҳодат расид.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *