Рубрики Хабарҳо

“Банди эзори мақомот”

Интернет — муҳимтарин дастоварди инсоният дар чанд даҳсолаи охир, ки дигар зиндагӣ бе он тасаввурнопазир аст, ба мушкили ҳамешагӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Мақомот аз он ранҷ мебаранд ва бо иқдомҳояшон алайҳи он мардумро ранқ медиҳанд.

Имконнопазирии назорати пурраи интернет ва садгузорӣ сари роҳи маълумот, мушкили бузурге барои ҳукумати худкомаи Тоҷикистон шудааст. Аз як тараф чун дигар ҳатто ҳукумат кардан бидуни интернет имконнопазир аст наметавонанд онро пурра қатъ кунанд, аз тарафи дигар маълумоте, ки намехоҳанд мардум аз он огоҳ бошанд, бо суръати нур дар кишвар паҳн мешавад.  

Ин аст, ки қисме аз сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро гоҳе масдуд мекунанд ва гоҳе боз. Дар ин авохир ҷанги мақомот бо интернет ҳама хатҳоро убур кард. Тоҷикистон шояд ягона кишвар дар ҷаҳон ва таърихи муосир бошад, ки ҷустуҷӯгарҳоро масдуд мекунад. Ҳоло дар кишвар на танҳо бузургтарин ҷустуҷӯгар — Google, балки Яндекси русӣ ҳам масдуд шудааст.

Масдудкунии шабакаҳои иҷтимоӣ дигар дар Тоҷикистон касеро ба ҳайрат намеоварад. Як корбари фейсбук навишта буд “агар дар кишварҳои дигар Фейсбук иҷтимоист, дар Тоҷикистон банди эзори мақомот аст — ҳар вақте хостанд боз мекунанд ва мебанданд”.

Дар замоне, ки маҳдудсозии дастрасӣ ба сайтҳо камтарин кӯмаке ба омилони он намекунад, ин иқдомҳои мақомоти кишвар бисёриҳоро ба ҳайрат овардааст: вақте имкони пешгирии комил аз паҳншавии маълумот вуҷуд надорад, чаро барои он мекӯшанд?

Гузашта аз ин, ҳаргиз ҳеҷ ниҳоде эътироф намекунад, ки дар бастани сойту шабакаҳо даст дорад. Гоҳе ҳатто посухҳои аҷибуғарибе медиҳанд. Барои мисол ду ҳафта қабл, замоне ки бори аввал Google-ро масдуд карданд, Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, ки ин кори онҳо нест, балки дар берун аз кишвар сурат гирифтааст. Тири дайдуи Бег Сабурро, ки ба ноқил бархӯрда буд, ҳатман дар хотир доред.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҷустуҷӯгарҳои Google ва Яндекс, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм, Вконтакте, тамоми сайтҳои тоҷикии хориҷ азкишварбуда, аз ҷумлу Паём, Ахбор, Ислоҳ, Тоҷинфо, Озодандешон, Кимиёи Саодат, сойтҳои мустақили дохилбуда аз қабили Азия Плюс, Авеста ва ғайра масдуданд. Вале додугирифти маълумот байни мардуму сойтҳо идома дорад.

Ягона натиҷае, ки ин амалкарди ҳукумат ба бор оварда ин аст, ки норозигии мардум аз ҳукумат торафт бештар мешавад. Дар ду моҳи охир ҳатто ашадитарин тарафдорони ҳукумат на танҳо аз ҳимояи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашиданд, балки норозигии худро алайҳи баъзе иқдомҳои ҳукумат иброз доштанд.

Агар аз амалкардҳои охири мақомот сар аз бастани сойтҳову болобарии нархҳо то ғорати мардум тавассути даҳҳо ниҳоди тафтишгару қатли зиндониёни бегуноҳ мантиқ ҷуста шавад, метавон се гузинаро интихоб кард:

  1. Худи ҳукумати Тоҷикистон хостори як эътирози хушунатомез аз тарафи мардум аст, то ҷанги кӯмакеро роҳ андозад ва чашми мардумро барои чанд соли дигар тарсонад;
  2. Гурӯҳе фурсатталаб дар дохили ҳукумати кишвар вуҷуд дорад, ки мехоҳад бо роҳ андохтани эътирози саросарӣ ва хушунат, ҳокимиятро ба даст орад;  
  3. Назорати ниҳодҳои давлатӣ пурра аз қабзаи раҳбарияти кигвар хориҷ шудааст ва дигар наметавонад дар тасмимҳои худсаронаи мансабдорони алоҳида дахолат кунад. Ин аст, ки ҳар мансабдоре мекӯшад фурсатро аз даст надода, ҳарчӣ бештар боигарӣ ба даст орад.

Ҳоло кадоме аз ин гузинаҳо воқеъият дорад танҳо мешавад тахмин зад. Вале як чиз мусаллам аст: ҳукумати Тоҷикистон фалаҷ шуда, қудрати идораи кишварро аз даст додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *