Рубрики Хабарҳо

Толибон тазоҳуроти занон дар ҳимоят аз эътирозоти Эронро саркӯб кард

Гурӯҳе аз занони афғон бо таҷаммӯъ муқобили сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Кобул шиори “зан, зиндагӣ, озодӣ”-ро сар дода ва аз эътирозоти саросарӣ дар Эрон ҳимоят карданд. Толибон бо шиллики тири ҳавоӣ тазоҳуротро саркӯб ва мӯътаризонро пароканда карданд. 

Неруҳои Толибон рӯзи панҷшанбе 29 сентябр бо шиллики тири ҳавоӣ аз тазоҳуроти гурӯҳе аз занон дар Кобул дар ҳимоят аз занони эронӣ ва эътироз ба марги Маҳисо Аминӣ дар боздошти гашти Иршод ҷилавгирӣ карданд. 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса гурӯҳе ҳудудан 25 нафара аз занони афғон пеш аз он ки бо шиллики тири ҳавоӣ аз сӯи Толибон пароканда шаванд, бо таҷаммӯъ муқобили сафорати Эрон дар Кобул шиори “зан, зиндагӣ, озодӣ” сар доданд. Занони афғон плакатҳоеро ба даст доштанд, ки рӯйи он шиорҳои назир “эронӣ бархост, ҳоло навбати мост” ва “аз Кобул то Эрон, на бар диктаторӣ” навишта шуда буд. 

Нерӯҳои Толибон сареъан плакатҳо ва банерҳои тазоҳуркунандагонро ҷамъоварӣ ва онҳоро муқобили тазоҳуркунандагон пора карданд. Онҳо ҳамчунин ба бархе хабарнигорон дастур доданд то филмҳои сабтшуда аз ин таҷаммӯъро пок кунанд. 

Яке аз занони мӯътариз, ки ба далоили амниятӣ номи худро фош накарда ба хабаргузории Фаронса гуфт: “мо бояд ба давлатҳои ваҳшат ва террор хотима диҳем.” Ба гуфтаи ин зан мӯътаризи афғон “мардум ин ҷо низ аз ҷиноёти Толибон хаста шудаанд. Мо мутмаинем рӯзе мардуми мо низ монанди мардуми Эрон қиём хоҳанд кард”. 

Яке аз баргузоркунандагони ин тазоҳурот низ, ки нахост номаш фош шавад ба хабаргузории Фаронса гуфтааст ин иқдоми эътирозӣ “барои нишон додани ҳимоят ва ҳамбастагии мо бо мардуми Эрон ва занони қурбонии Толибон дар Афғонистон буда аст”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *