Рубрики Хабарҳо

Рушди “раҳмоновӣ”: воридот боз 3 баробари содирот шуд

Бо вуҷуди даъвоҳои бепоёни ҳукумат дар бораи рушди иқтисоди кишвар ва барномаҳои пурвоҳимаи “баробарсозии содирот бо воридот” дар семоҳаи аввали имсол таносуби воридоту содироти кишвар ба се соли қабл баргашт: воридот бо афзоиши 43 дарсадӣ се баробари содирот шуд. 

Тибқи иттилоъи хабаргузории “Авесто” бо истинод ба додаҳои вазоратҳои бахши иқтисодӣ, дар семоҳаи аввал Тоҷикистон бо 94 кишвари ҷаҳон додугирифти тиҷорӣ кардааст ва дар муомила бо 77 кишвар қисми воридот аз содирот бештар мебошад. Гузашта аз ин, аз 56 кишвар танҳо воридот шуда, ҳеҷ содироте ба онҳо сурат нагирифтааст. 

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин марҳала $1,6 млрд.ро ташкил додааст, ки 6,5%, ё $116,7 млн бештар аз семоҳаи аввали соли гузашта мебошад.

Дар ҳамин ҳол таносуби тиҷорӣ манфӣ аст, ки  $737,2 млн. ба нафъи шарикони тиҷории Тоҷикистон тамом шудааст. 

Воридоти молу коло дар семоаҳи аввал беш аз $1,2 млрд.ро ташкил додааст, ки 43%, ё $362,7 млн. бештар аз давраи мушобеҳи соли 2021 гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол содироти молу маҳсулот 50,5%, ё $479,6 млн. камтар шуда $470 млн.ро ташкил додааст. 

Нишондиҳандаҳои воридот аз 77 кишвари ҷаҳон бамаротиб бештар аз содирот ҳастанд. Танҳо бо 7 кишвар таносуби воридоту содирот бо каме фарқ ба нафъи Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумлаи ин кишварҳо Туркия ва Белжик ҳастанд, ки Тоҷикистон ба онҳо металлҳои қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта содир мекунад. 

Дар ин муддат аз 90 кишвари шарики тиҷорӣ Тоҷикистон аз 56 кишвар бо нишондиҳандаи сифри содирот, воридот кардааст. 

Гуфтанист, ду соли гузашта содироти Тоҷикистон ба воидоташ наздик шуда ва ҳатто дар як муддатзамон аз воридот сабқат гирифта буд. Бархе вазоратҳо бо ифтихори тамом эълон карда буданд, ки бори аввал дар таърихаш, содироти Тоҷиикистон аз воридоташ бештар шуд. 

Аммо афзоиши содирот ба фурӯши захоири тиллои Тоҷикистон бастагӣ дошт, ки мақомот онро чун содирот муаррифӣ карданд. Дар ду соли бӯҳронии 2020 ва 2021 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар захираҳои тиллояшро фурӯхт. Дар ин муддат Суис (Швейсария) аслитарин “шарики тиҷории Тоҷикистон” муаррифӣ шуд, чун бештари тиллоҳо ба ин кишвар фурӯхта шуданд. 

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша аз рушди иқтисод хабар медиҳад ва чанд барномаи афзоиши содиротро ҳам дар 30 сол рӯи даст гирифтааст. Аммо бо вуҷуди “рушд”-ҳо, ки гоҳе “бесобиқа” ҳам хонда мешавад, раванди бештар шудани воридот аз содирот идома дорад. 

Қаблан ин таносуб аз ҳисоби миллиардҳо доллар маблағи муҳоҷирони корӣ дар хориҷ, ки ба ватан ирсол мекарданд, рӯйпӯш мешуд. Ҳоло Русия вориди ҷанг ва шадидтарин бӯҳрон дар 30 соли охир шудааст ва маълум нест воридоти Тоҷикистон минбаъд аз ҳисоби кадом маблағҳо таъмин хоҳанд шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *