Аз вазорати иқтисод ва молияи Италия хабар додаанд, ки суперкиштии «Шеҳерезада»ро боздошт кардаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки киштӣ, ки зери парчами ҷазираҳои Кайман қарор дошт, муддати тӯлонӣ таҳти назорати расмӣ буд.
Киштии мазкур, ки онро суперяхта ҳам гуфтанд, соли 2019 сохта шуда, дарозиаш 140 метр ва бараш 24 метр аст.
Бузургкиштии «Шехерезада» ҳатто барои киштиҳое, ки ба тоифаи он дохил мешаванд, бо сатҳи фавқулоддаи махфият иҳота карда шудааст ва ҳатто барои пинҳон кардани тамғаи номаш сарпӯшҳои махсус дорад.
Соҳиби дақиқи “Шехерезада” мушаххас нашудааст, аммо мақомоти амрикоӣ ба New York Times гуфтаанд, ки яхта ба Путин иртибот дорад. Ҷонибдорони Алексей Навалний низ ӯро ба раисиҷумҳури Русия рабт медиҳанд. Тибқи гузинаҳои дигар, бузургкиштӣ метавонад ба яке аз раҳбарони Роснефт, соҳибкор Эдуард Худайнатов тааллуқ дошта бошад.
***
Интерфакс навишт, ки раисиҷумҳури феълии қисман эътирофшудаи Осетияи Ҷанубӣ Анатолий Бибилов натавонист дар интихоботи навбатӣ пирӯз шавад. Дар даври дувуми интихобот, ки рӯзи 8 май баргузор шуд, бино ба маълумоти муқаддамотии Комиссияи марказии интихобот, раҳбари ҳизби сиёсии «Никас» Алан Гаглоев пирӯз шуд. Баъди дида баромадани 18 фоизи протоколхо Гаглоев 3686 (59,22 фоиз) ва Бибилов 2274 (37 фоиз) овоз гирифтанд.
Бибилов аллакай маглубиятро эътироф карда, ба Гаглоев барори кор орзу кардааст. Даври аввали интихоботи президентӣ дар Осетияи Ҷанубӣ рӯзи 10 апрел баргузор шуда буд.
***
Британия ба Украина 1,3 миллиард фунт стерлинг (1,6 миллиард доллар) кумаки иловагӣ хоҳад дод. Дар ин бора вазири молияи Британияи Кабир Риши Сунак хабар дод. Кӯмак як бастаи кӯмаки 300 миллион фунт стерлингро дар бар мегирад, ки қаблан сарвазир Борис Ҷонсон эълон карда буд: ин баста таҷҳизоти ҷангии радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои биниши шабона, дастгоҳҳои масдудкунандаи паймоиши моҳвораӣ, дронҳои вазнин ва системаи радиолокатсиони зидди батареяро дар бар мегирад.
***
Раҳбари Толибон Ҳайбатуллоҳ Охундзода фармонеро имзо кард, ки занонро дар Афғонистон барои бидуни фаранҷӣ ба кӯча баромадан манъ мекунад.
Бино ба гузориши Би-би-сӣ, ин санад аз ҷониби Вазорати ҷилавгирӣ аз бадӣ ва таблиғи покӣ таҳия шудааст. Дар ин фармон ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба занон тавсия дода мешавад, ки то кори муҳиме надошта бошанд, ба кӯча набароянд, дар хона нишинанд.
Барои саркашӣ аз пӯшидани бурқа ҷазо пешбинӣ шудааст. Агар зан бори нахуст бо чеҳраи кушода дар кӯча пайдо шавад, намояндагони Толибон ба хонаи ӯ меоянд ва бо шавҳар, бародар ё падараш мусоҳибаи чораи пешгирикунанда мегузаронанд. Дафъаи дуюм марди масъули рафтори занро барои шарҳи ҳолат ба вазорат даъват мекунанд. Агар ин бори сеюм такрор шавад, марди оиларо ба додгоҳ кашида, ба муддати се рӯз ҳабс мекунанд.
***
Нашрияи The Wall Streyet Journal хабар додааст, ки ширкатҳои технологии чинӣ тадриҷан аз тиҷорат дар Русия дар зери таҳримҳои ИМА ва фишори таъминкунандагон даст мекашанд. Ширкатҳои калоне ба монанди Lenovo ва Xiaomi бидуни изҳороти оммавӣ интиқол ба Русияро то рафт кам мекунанд.
Дар моҳи марти соли 2022 содироти маҳсулоти технологӣ ба Русия дар муқоиса бо моҳи феврал якбора коҳиш ёфт: интиқоли ноутбукҳо беш аз 40 дарсад, смартфонҳо аз се ду ҳисса ва пойгоҳҳои телекоммуникатсионӣ 98 дарсад коҳиш ёфт.
***
Маълум шуд, ки се нафар шаҳрвандони Қирғизистон, ки аз тири марзбонони Ӯзбекистон кушта шуданд, аз як оила, падар ва ду писар будаанд.
Ҳодиса дар минтақаи Добақӯргони рустои Актами ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод рух додааст. Захмиёнро ба бемористон интиқол додаанд, аммо дар он ҷо ба ҳуш наомада вафот кардаанд.
***
Дар даври 35-уми чемпионати Испания «Атлетико» бар «Реал Мадрид» бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Голи ягонаро Феррейра Карраско зад. Ҳоло «Атлетико» бо 64 имтиёз дар зинаи чаҳоруми Ла Лига қарор дорад. «Реал Мадрид» бо 81 хол пешсаф аст ва аллакай чемпион шудааст.
***
Финляндия баъди пайвастан ба НАТО кишвари дӯсти Русия буданашро қатъ мекунад.
Дар ин бора чонишини якуми раиси кумитаи байналхалкии шӯрои Федерация Владимир Ҷабаров гуфт.
Ӯ илова кард, ки мо бо Русия ҳамеша ҳамчун дӯст муносибат мекардем, бидуни ҳеҷ гуна нақшаҳои хушунат. Бо баробари пайвастан ба НАТО Финландия ин мақоми худро аз даст медиҳад. Мутаассифона. Фикр мекунам, ки ин ба нафъи мардуми Финландия ҳам нест»
Дар мавриди Шветсия гуфта шуд, ҳарчанд як кишвари бетараф аст, аммо ҳамеша сиёсати НАТО ва кишварҳои ғарбиро пайгирӣ кардааст.