10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раисӣ: эътирозоти саросарӣ дар Эрон тавтеаи душманон аст

Раисҷумҳури Эрон дар вокуниш ба эътирозоти саросарӣ дар ин кишвар онро “тавтеаи душманон” хонд ва гуфт намехоҳанд Эрон пешрафт дошта бошад. 

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дирӯз сешанбе 4 октябр дар ҷаласаи раъйи эътимод ба вазири пешниҳодии кор дар Маҷлиси Эрон бо ишора ба суханони рӯзи гузаштаи Алии Хоманаӣ, раҳбари ин кишвар дар хусуси эътирозоти саросарӣ гуфт: “Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Эрон тавтеа ва балво мекунанд ва иллати он дар ҳоли пешрафт будани кишвар аст ва ин ки душман намехоҳад кишвар пешрафт дошта бошанд”. 

Вай дар идома бо баёни ин ки “душманони Эрон” аз миллати ин кишвар хашм доранд, афзуд: “ба ин далел аст, ки бо вуҷуди ҳамаи таҳримҳо ва таҳдидҳо, кишвар масири пешрафтро тай мекунад ва ба ҳама таҳримҳо ва мавонеъи эҷодшуда бетаваҷҷуҳ аст”. 

Раисҷумҳури Эрон гуфт: “душман расман мегӯяд фишорҳои ҳаддиаксарӣ шикаст хӯрда ва расман эътироф мекунад ва таҳримҳо алайҳи миллати Эрон корсоз набуда, ки инҳо ҷойи шукргузорӣ дорад”.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *