Categories Хабарҳо

Лукашенко мехоҳад тавассути Тоҷикистон ба бозори Афғонистон ворид шавад

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус рӯзи сешанбе дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе гуфт, Беларус ва Тоҷикистон метавонанд бо ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои севум гардиши молро афзоиш диҳанд. Ин дар ҳолест, ки Белорус қисман зери таҳримҳои Ғарб қарор гирифта, бо канори Русия истоданаш дар ҷанги Укроин худро дар остонаи таҳримҳои нав қарор додааст.

Лукашенко гуфт, «муомилоти молии мо мунтазам меафзояд ва мо метавонем аз ин ҳам бештар кор кунем. Метавонем тиҷоратро аз ҳисоби кишварҳои сеюм афзоиш диҳем».

Раисҷумҳури Белорус афзуд, ки, бо маҳсулоти муштарак ба бозорҳои дигар ворид шудан лозим аст. 

Ӯ гуфт, “Афғонистон воқеан ба маҳсулоти мо ниёз дорад ва онҳо ба густариши равобити муштараки мо ба хотири тиҷорат манфиатдор ҳастанд. Фикр мекунам, ки мо мушкилоти минтақавиро ҳам баррасӣ хоҳем кард”

Гуфтанист зимни сафари Лукашенко ба Душанбе, Тоҷикистон ва Беларус 48 санади ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва маорифро имзо карданд. Маросими имзои санад дар паи натоиҷи ҳамоиши муштараки намояндагони ду кишвар, ки рӯзи сешанбе дар Душанбе баргузор шуд, доир шуд.

Ба иттилои намояндагии дипломатии Беларус, дар соли 2021 гардиши мол миёни Беларус ва Тоҷикистон 126,1 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 12,6 фоиз, афзоиш ёфтааст.  Содироти Беларус ба Тоҷикистон дар соли 2021 асосан мошинҳои кишоварзӣ, маҳсулоти нафтӣ, мошинҳои боркаш, шакар, маҳсулоти чӯбкорӣ ва канселярӣ будаанд. Содирот аслии  Тоҷикистон ба Белорус  риштаи пахта, нахи пахта ва меваи хушк будааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *