Рубрики Хабарҳо

Коҳиши 10 дарсадии интиқоли пул ба Тоҷикистон

Ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021, 10 дарсад коҳиш ёфтааст.

Коҳиши ҳаҷми интиқоли пул, ба гуфтаи мутахассисони Бонки осиёии Рушд, ба гардиши бозори хидматрасонии дохилии кишвар, ки афзоиши он аз 16,5 фоиз то 12,8 фоиз коҳиш ёфт, таъсири манфӣ расондааст.

Дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд  гуфта буданд, ки дар соли ҷорӣ вуруди пул аз муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 50% коҳиш меёбад.

Онҳо пешгӯии худро бо таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия асоснок карда буданд, ки боиси коҳиши ҷойҳои корӣ ва дар натиҷа ба ватан баргаштани бархе аз муҳоҷирони корӣ мегардад.

Гуфта мешавад, коҳиши вуруди пули муҳоҷирон ҳаҷми истеъмолро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш медиҳад, зеро бештари ин маблағро хонаводаҳои муҳоҷирон барои пардохти молу хидматҳо сарф мекунанд.

Қабл аз ин, дар авоили моҳи март иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши мизони интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 22% пешбинӣ карда буданд. Онҳо пешгӯиҳои худро ба «поён рафтани фаъолияти иқтисодӣ дар Русия ва заъфи рубл дар баробари доллари амрикоӣ» рабт  дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, дар авохири моҳи сентябр Евгений Жуков, мудири кулли Бонки Осиёии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, аз хатари коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба далели эълони «мобилизатсия» дар Русия хабар дод.

Бонки марказии Русия маълумот дар бораи интиқоли фаромарзӣ ҳар семоҳа нашр мекунад. 

Бино ба охирин маълумоти Бонки марказии Федератсияи Русия дар нимаи дуюми моҳи март ҳаҷми умумии интиқоли пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2021, 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 3,4% бештар аст.

Зиёда аз 76 дарсади ин интиқолҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тақрибан чоряки онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Русия ваё шахсоне, ки дар Федератсияи Русия иҷозаи иқомат доранд, сурат гирифтааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *