Ҳамлаи интиҳорӣ ба яке аз масоҷиди Кобул дар наздикии вазорати дохилаи Толибон ҷони дасти кам чаҳор нафарро гирифт ва 25 танро захмӣ кард. Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти амрро бар ӯҳда нагирифта ва Толибон низ иттилоърасонии бештарро барои дертар ваъда кардааст.
Соати 14:30 баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе, замоне, ки иддае дар ҳоли намоз хондан буданд, инфиҷор дар як масҷид маркази Кобулро ба ларза даровард.
Абдуннофӣ Такур, сухангӯи вазорати кишвари Толибон дар твиттер навишт: “мутаасифона инфиҷор дар масҷиди вазоратхона бо кушта шудани чаҳор нафар ва ҷароҳати 25 нафар ҳамроҳ шуд… Масъала таҳти баррасӣ аст ва ҷузъиёт баъд аз равшан шудани ҷониб дар ихтиёри расонаҳо қарор хоҳад гирифт.”
Такур афзуда, ки шуморе аз коркунони вазорати дохила дар замони инфиҷор дохили масҷид буданд.
Вазорати кишвари Толибон масъули амният ва иҷрои қонун дар Афғонистон аст ва сохтимони он дар ҷодаи аслии Кобул дар канори майдони ҳавоии байналмилалии шаҳр ва таҳти ҳифозат қарор дорад.
Ёрии таъҷилии Кобул эълом карда, ки бархе маҷрӯҳоне, ки дучори сӯхтагӣ ва ҷароҳат шуда буданд, шаҳодат додаанд, ки марде дар масҷид як василаро мунфаҷир кардааст.
Сарпарасти ёрии таъҷилӣ низ гуфта ин инфиҷор як иқдоми интиҳорӣ будааст. Ў хабар дода, ки 20 маҷрӯҳ ба бемористон мунтақил шуданд, ки ҳамагӣ мардони болиғ буданд ва ду нафарашон баъд аз вуруд ҷон бохта буданд.
Мақомоти ёрии таъҷилии Кобул афзудаанд, ки теъдоди қурбониён метавонад бештар шавад зеро бархе захмҳо бисёр ҷиддӣ аст.
Инфиҷори ахир чанд рӯз пас аз бомбагузории интиҳорӣ дар муассисаи омӯзиши “Коҷ” дар минтақаи Дашти Барчии Кобул сурат гирифт. Ин ҳамла дасти кам 52 қурбонӣ ба ҷо гузошт, ки 46 нафаршон духтарони муҳассил буданд.
Намояндагии Созмони милал дар Афғонистон эълом карда, ки 110 нафар дар ҳамла интиҳори ба ин омӯзишгоҳ маҷрӯҳ шуданд.
Коршиносони Созмони милал авоил соли ҷорб гуфта буданд, ки аслитарин таҳдидоти низомӣ алайҳи режими Толибон аз сӯи ДОИШ ва кормандони амниятии давлати собиқи Афғонистон сурат мегирад.
Гузориши Созмони милал мабнӣ бар ҳузури фаъолонаи ДОИШ, Ал-Қоиъда ва шуморе гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар хоки Афғонистон нигарониҳое дар кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи байналмилалӣ барангехтааст.
Дар соли 2020 гурӯҳи вобаста ба ДОИШ ба зоишгоҳи Кобул ҳамла кард ва 24 модару навзодро ба хок ва хун кашид. Дар солт 2021 ва қабл аз тасаллутт Толибон низ ҳамлаи ДОИШ ба як мадраса беш аз 90 қурбонӣ ба ҷо гузошт, ки бештарашон духтарони донишомӯз буданд.