Рубрики Хабарҳо

Ду тоҷикистонӣ ба куштани кампири рус муттаҳам шуданд

Алайҳи ду муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар таҷовузу таҳқир ва куштани кампири пиронсол дар рустои Бужаниновои вилояти Маскав муттаҳам шуда буданд, ҳукми додгоҳ содир шуд.

Бахтиёр Шираев, шаҳрванди Тоҷикистон, ки гунаҳкори асосӣ дониста шудааст,  23 солро дар колонияи низомаш шадид сипарӣ хоҳад кард. Шарики ӯ Раҳмонқул Ҳамидов тибқи ҳукми додгоҳ ба муддати 10 сол дар колонияи режими умумӣ умри худро мегузаронад.

Дар ин бора шабакаи телевизионии хабар дод.

Ба иттилои манбаъ ҳама мурофиаҳои судӣ дар ҳолати пӯшида аз матбуот ва пушти дарҳои баста баргузор шуданд. Чун дар ҷараёни суд тафсилоти даҳшатноки куштори нафақахӯр аз қотилон пурсида шудааст. 

Ҳодисаи куштори кампири нафақахур бештар аз як соли пеш, моҳи сентябри соли 2021 рӯй додааст. Хонуми нафақахӯри 66-сола, ки диндор будааст, вақти бозгашташ аз кор дар маъбад ба қотилон рӯ ба рӯ мешавад. Қотилон, муҳоҷирони тоҷикистонӣ чун мунтазираш будаанд, мушту лагади бисёр зада, баъд аз он бо навбат ӯро дашном дода, ҳодисаро наворбардорӣ кардаанд. Илова бар ин аз ҳамёни кампир смартфонашро гирифта бо худ бурдаанд. Ва ҳангоме ки ба хона баргаштанд, ин наворро дар интернет нашр кардаанд.

Ин ду қотил ҳамроҳи дигар муҳоҷирон дар рустои Бужаниново, дар як хобгоҳ мезистаанд. 

Пас аз куштори ваҳшиёнаи кампири нафақахӯр сокинони деҳа ба ваҳшат афтода, ба мақомот муроҷиат мекунанд ва дар натиҷа мақомот тасмим гирифтанд, ки хобгоҳро кӯчонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *