Рубрики Хабарҳо

Оё равост мусалмонеро ба хотири иштибоҳу хатояш кофир ва мушрику муртад хонд?

Исломҷон Саидов

Мутаассифона имруза дар фазои маҷозии тоҷикӣ нафароне бо иддаъои пайрави аз Қурону суннат бар манҳаҷи салафи уммат, арзи вуҷуд дорад, ки яке аз асоситарин фаъолияташон кофир хондану ба мушрик будану муртад шудан, мутаҳҳам кардани мусалмонон аст. Ба хотири онки мусалмонеро ба кофиру мушрик ва муртад будан ҳукм кунанд, далел меҷуянду далел месозанд то як сурохи кучаке барои кофир ва мушрик хондани мусалмоне пайдо намоянд. Дар ҷое мусалмононро аз доираи Ислом берун карда болои онҳо метозанд ва дар мавзеъи дигар онҳоро бо иттиҳоми хориҷ будан аз доираи аҳли суннат ва ҷамоат мавриди лаъну нафрин қарор медиҳанд. Гуиё (паноҳ бар Худо) онҳоро Худованд вакили Худ дар замин қарор дода, ба онҳо иҷозаи комил дода бошад, ки ҳар ки мувофиқи майлу хоҳиш шумо амал накард ва мувофиқи андешаву афкори шумо фикру андеша наронд ӯро ҳарчӣ хостед ҳукм кунед.

Ҳол онки вазифаи шахси мусалмон бо сухану амали нек ва ҳикмату дироят мардумро ба суӣ хубиҳо ва Ислом даъват кардан аст, на хориҷ кардан ва рондан аз Ислом. Агар аз бародари мусалмонаш чизеро мушоҳида мекунад, ки мавриди шубҳа қарор мегирад, вазифадор аст саъйи кунад то қадри имкон амали онро тавҷеҳ намояд. 

Имом Бухорӣ аз Убайдуллоҳ ибни Абирофиъ ривоят мекунад, ки ӯ аз Алӣ (р) шунидааст, ки гуфт: Расули Худо (с) ман ва Зубайру Миқдодро наздашон хонда гуфтанд: “Ҳаракат кунед, вақте ба Равзаи Хох расидед онҷо занеро хоҳед ёфт, ки ҳамроҳаш номае дорад, онро гирифта назди ман оред.” Ҳазрати Алӣ (р) мегуянд мо ҳаракат кардем ва дар он мавзеъе, ки Паёмбар (с) гуфта буданд, занеро пайдо кардем ва гуфтем номаро барои мо таслим намо, аввал он зан  вуҷуди чунин номаеро инкор карданд, вале баъди пофишории мо ночор шуданд он номаро аз зери муйҳои худ берун оварданд ва мо онро гирифта назди Расули Худо (с) расидем. Баъдан маълум гашт, ки нома аз Ҳотиб ибни Абибалтаъа будааст, ки мехост хабари ҳаракати Паёмбар (с) ро ба тарафи Макка барои мушрикин бифиристад. Расули Худо (с) аз ӯ иллати ин корашро пурсон шуданд, Ҳотиб дар ҷавоб  гуфт: Ин корро ба он хотир кардаам, ки дар Макка касе надоштам аз аҳлу амволи ман ҳифозат кунад, мисли дигар муҳоҷирон хешовандонам онҷо нестанд, ин амал ҳеҷ иртиботе ба баргаштан аз дин ва ё дуст доштани куфр, надорад. Расули Худо (с)  ӯро дар ин узри овардааш тасдиқ карданд. Умар (р) гуфтанд ин мунофиқ ҳаст ва хиёнат кардааст, бояд  гарданаш зада шавад. Вале боз Паёмбари Худо (с) монеъи ӯ шуданд ва аз аҳли Бадр будани Ҳотиб (р) ёдовар шуданд….

Чуноне мебинем дар ин ривоят Паёмбар (с) барои ҳифзи исломи як мусалмон чӣ тарз бархурд мекунад. Вақте ҳазрати Умар (р)  мехоҳад ӯро мунофиқ муаррифи кунад, Паёмбар (с) дарҳол дахолат мекунад ва барои нафарони мавҷуд дар маҷлис аз фазилатҳо ва хубиҳои Ҳотим ёдовар мешавад ва аҳли Бадр будани ӯро пеш меорад, то дигар масъала ҳаминҷо пушонида шавад.

Дар куҷое аз таълимоти дини Ислом омадааст, ки нафареро ба хотири иштибоҳ ва хатоаш, ки зарурате аз заруратҳои динро инкор накардааст, кофир хонд. Бо мушоҳида аз бархурди ин тоифа чунин ба назар мерасад, ки бештари нафарон ва гуруҳҳое, ки аз ҷониби ин тоифа мавриди ҳамла қарор мегиранд, на ба хотири он аст, ки асле аз усули дин ва ё зарурате аз заруриёти шариатро инкор карда бошанд, Балки бештари кофирхониҳо ба хотири иштибоҳу хато(он ҳам агар бошад) дар доираи фуруъи дин ва масоили иҷтиҳодӣ аст, он ҳам бошад бар асоси бардошташон аз нусуси динӣ.  Ҳол онки Паёмбари Худо (с) барои мусалмоне, ки иҷтиҳод мекунад ва дар иҷтиҳодаш муваффақ ҳам нашавад ваъдаи як савоб додаанд. Аммо ин тоифаи бехирад ӯро кофиру мушрику муртад мехонанд.

Агарчӣ худи онҳо даъво мекунанд, ки ин масоил аз ҷумлаи усули дин ва дар доираи ақоид ва имониёт дохил ҳастанд, вале бо андак диққат барои инсони огоҳ аз  Ислом маълум мегардад, ки ин иддаъои онҳо беасос аст.

Бар асоси афкор ва андешаи ин тоифа аз миёни зиёда аз як милёрд мусалмони дар ҷаҳон вуҷуд дошта шояд як миллион мусалмон ҳам боқӣ намонад. Ин тоифа худро пайравони Қурону Суннат  бар манҳаҷи салафи уммат медонанд, вале он афкору андешае, ки инҳо доранд, салафи уммат ҳам дар амон нахоҳанд монд.

Паёмбари Худо (с) аз мардум Исломро дар ҳадди аднои он қабул мекарданд ва онҳоро ваъдаи комёбӣ ва башорат ба биҳишт медоданд. Аз Талҳа ибни Убайдуллоҳ нақл шудааст, ки фармуданд: Марде бо муйҳои жулида аз аҳли Наҷд ҳузури Расули Худо (с) расиданд ва бо садои паст чизҳое мегуфтанд, ки шунида намешуд, то инки наздики Паёмбар (с) шуданд ин ҳангом мутавваҷеҳ шудем, ки аз Ислом мепурсанд. Расули Худо (с) гуфтанд: “Ислом (яъне)  дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз.”  Он мард гуфт: Оё ғайр аз ин намози дигаре болои мо ҳаст? Паёмбар (С) гуфтанд:  “На, магар инки худат нофилае бигузорӣ!” Сипас Паёмбари Худо (с) аз Руза ёдовар шуданд, он мард боз пурсид, оё ба ҷуз рузаи моҳи рамазон рузаи дигаре болои мо фарз ҳаст? Паёмбари Худо (с) гуфтанд: На, магар бо ихтиёри худат зиёдатӣ руза бидорӣ! Паёмбар (с) аз фарзияти закот барояш гуфтанд. Он мард боз суоли аввалашро такрор кард. Паёмбар (с) низ ҷавоб доданд, на магар инки аз пеши худ чизе садақа бидиҳӣ. Он мард аз онҷо дар ҳоле берун шуд, ки мегуфт: Савганд ба Худо бар ин фармудаҳо на кам хоҳам кард ва на зиёд!. Паёмбар бо шунидани суханони он мард гуфт: “ Комёб шудааст агар дар қавлаш содиқ бошад.”

Ин тоифа то ин ҳад дар ин маризи гирифтор шудаанд, ки ҳатто агар дар ҷое ду нафар бошанд, ҳатман нисбати исломи якдигарашон шак хоҳанд кард.

Яке аз устодон қисса мекард, ки ҷамъе аз ин тоифа дар масҷиде нишаста буданд ва доштанд исломи ҳама мусалмонони дунёро раддабандӣ мекарданд ва  бо ин тартиб  мехостанд мусалмонони воқеъиро аз миёни ҳама мусалмони дунё ҷудо намоянд. Баъди андак назар, ба ин натиҷа расиданд, ки мусалмонони воқеъӣ ва пайрави Қурону суннат ҳамонҳое ҳастанд,ки дар минтақаи Халиҷ зиндагӣ мекунанд ва боқӣ ҳама аз дин дуру берун аз доираи аҳли суннат ва гумроҳу мубтадеъ ҳастанд. Боз дар байни мусалмонҳои боқимонда ба андешаи худашон таҳқиқи бештаре намуда ба ин натиҷа расиданд, ки дар инҷо ҳам мушкил вуҷуд дорад ва бештарини инҳо ҳам ихвониву ҳизбӣ, тарафдори тазоҳурот ҳастанд ва майл ба демократия доранд, хулоса инҳо ҳам ҳамаашон мусалмони мултазим ва пайрави аҳли салаф нестанд. Мусалмонони воқеъӣ танҳо дар минтақаи Арабистон Сауди ёфт мешаванд, вале боз ҳам ором нагирифтанд ва мусалмонони онҷоро низ тафтиши бештар болояшон анҷом доданд, дар натиҷа маълум карданд ки дар инҷо ҳам ҳамагӣ мусалмонони хубе нестанд, бо ҳар баҳонае ба ҷуз шаҳри худашон боқимонда шаҳрҳои Арабистон аз доираи таъйинкардаи онҳо хориҷ гашт. То онҷо баррасӣ карданд, ки ғайр аз масҷиде, ки ин ҷамоат онҷо намоз мехонданду нишастҳо барпо мекарданд, дигар ҳама мусалмонон имону исломашон дорои нуқс ва камбудӣ арзёбӣ шуд. Бо ин ҳам қонеъ нашуданд ва ба баррасии дохили масҷид шурӯъ карданд ва ҳар фарде, ки ба он масҷид омаду рафт  дошт аз пилки сузан гузарониданд ва баъди тафтиш маълум шуд, ки ба ҷуз ду нафар дигарҳо мусалмони пойбанде набудаанд. Дар охир аз миёни он ду нафар ҳам яке мутаҳҳам ба тарки мандуботу мустаҳабот шуда аз аҳли суннат будан маҳрум гашт.

Ин аст ҳоли ин тоифаи ба ном пайравони салафи уммат!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *