Иддае ба зоҳир диндор ва дар ботин бемор, тазоҳур ба диндориро абзоре сохтаанд барои касби ҷойгоҳ ва пойгоҳ. Корашон душманиву кинатӯзӣ аст ва барпо кардани хусумату ба роҳ андохтани адоват. Ҳунарашон дурӯғ асту тӯҳмат ва силоҳашон пинҳон шудан дар зери номҳои мустаор ва ҳувиятҳои маҷҳул дар фазои маҷозӣ ва сипас пахши бадгумонӣ ва бадбинӣ нисбат ба бандагони Худо дар миён дигарон.
Ин корро бо чунон ҷасорат ва симоҷат (хушфаҳмӣ) мекунанд, ки гӯё машғули ҷиҳоде бузург дар роҳи дини Худо ҳастанд, ва бехабар, ки сӯрохи дуо гум кардаанд.
Ба ин идда бояд гуфт, оё шумо ба рӯзи охират имон доред ва мӯътақидед, ки дар он аз ҳар гуфтор ва рафтортон пурсида хоҳад шуд? Оё имон доред ба ин сухани Илоҳӣ, ки гуфтааст: » Мо ялфиз мин қавлин илло ладайҳи рақибун ъатид», ки ҳеҷ сухане аз забони одаме берун намешавад магар инки муроқибаткунандае устувор ва дурусткор онро сабт мекунад, то дар рӯзи ҷазо ба ҳисоби он расида шавад. Оё ба ин ҳадис Паёмбари гиромии Ислом бовар доред, ки гуфтааст: «Иннал—ъабда лаятаккаламу билкалимати мин сахати Аллоҳ ло юлқи лаҳо болан яҳвӣ биҳо фи ҷаҳаннама сабъина харифан» яъне, ҳамоно шахс сухане мегӯяд, ки мӯҷиби норизоиятии Худованд мешавад, ва ӯ ба он парво намекунад, ва дар асари он ҳафтод сол дар ҷаҳаннам фурӯ меравад. Агар ба ин таъолими осмонӣ бовар доред, пас истиғфор кунед аз номҳои мустаъоратон ва аз умқи ҷон ба гиря дароед ба хотири дурӯғҳоятон, бошад, ки Худованди меҳрубон бар шумо раҳмат оварад ва дилҳои сахти шуморо нарм кунад ва дар ҷони хушкидаи шумо таровате оварад, то бӯи меҳрубониро истишмом кунед ва даст аз душманӣ ва кинаҷӯӣ бардоред. Ба ёд дошта бошед, ки муттаҳам кардани руқабоятон ба секулор будан таҷвизӣ намешавад, то даст ба ҳар зиштӣ ва палаштие бизанед.
Диндории пок ва ростин, бадингуна, ки аз оёт ва аҳодис бар меояд ва шурӯҳи орифони мусулмон баён медорад, он аст, ки дар инсон тарс аз Худо ва рӯзи ҷазоро эҷод кунад ва ӯро нисбат ба гуфтор ва рафтораш ҳушёр ва бедор созад. Дар ӯ муҳаббат ва шафқат нисбат ба дигаронро падид овард ва аз бадхоҳӣ ва бадгӯӣ покизааш созад. Диндорӣ ҳеҷгоҳ ба маънои муъоф шудан аз ахлоқмандӣ ва фазилатмадорӣ нест, ки шумо пиндоштаед.
Он навъ диндоре, ки маҳсулаш чизе набошад ҷуз шарорат бапо кардану сам(заҳр) пошидан ва ҷону зеҳни соддадилонро ба бадбинӣ олӯдан, ки имрӯза меравад, то дар муҳити мо ба падидае созмонёфта табдил шавад, қабл аз онки зиёне ба дигарон дошта бошад, тешае аст, ки бар асли решаи диёнт зада мешавад ва сабаби гурезондани мардум аз Худо ва Паёмбараш мегардад. Заминаро барои пушт кардан ба омӯзаҳои динӣ мусоид месозад ва ҳама гуноҳи он ба гардани касоне аст, ки тасвири кареҳ ва занандае аз дин ва диёнт ироа мекунанд. Онон мутаяқин бошанд, ки корашон на дар дунё ба муваффақияте меанҷомад ва на дар уқбо ба саодате ва мисдоқи тамомайёри ин фармудаи Илоҳӣ қарор хоҳанд гирифт: «Аллазина залла саъяҳум фил ҳаётид дунё ва ҳум яҳсабуна аннаҳум юҳсинуна сунъан» яъне, касоне, ки талошашон дар зиндагии дунё барбод рафтааст ва онон мепиндоранд коре некӯ мекунанд. Барои ин идда бояд сухани Ҳофизро такрор кард,ки: Ъирзи худ мебрӣ ва заҳмати мо медорӣ! Зеро суннати Илоҳӣ ин аст, ки дурӯғ ва риё ба ҷое нарасад ва ростӣ ва дурустӣ саранҷом ҷой худро пайдо кунад.
Муҳаммад Муҳиқ
Манбаъ: Фейсбук