Рубрики Хабарҳо

Имсол 2% шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрванди Русия мешаванд

Бар асоси омори Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Дар се моҳ беш аз 45,5 ҳазор нафар тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.

Ин шумор дар нӯҳ боҳи соли ҷорӣ беш аз 119 ҳазор нафар гуфта мешавад. Даҳ соли охир ҳар сол гирифтани шаҳрвандии Русия аз тарафи тоҷикон рекорди нав мезанад.  Соли 2016 ҳудуди 23 ҳазор нафар зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт крада буданд ва соли гузашта ин рақам 4,5 баробар афзоиш ёфт ва ба 103,6 ҳазор нафар расид. Дар сурати идомаи раванд ба ҳамин минвол, имсол шумори тоҷикони шаҳрвандии Русияро соҳибшуда аз 165 ҳазор нафар убур хоҳад кард, ки муодил ба 2% сокинони Тоҷикистон ҳастанд. 

Афзоиши гирандагони шаҳрвандии Русия аз тарафи тоҷикон на танҳо мунтазам аст, балки ду соли охир чаҳиши наздик ба 70-80 дарсадӣ доштааст. Агар ин шумор дар соли 2016 23 ҳазор нафра бошад, соли 2017 ба 29 ҳазор, 2018 ба 35,7 ҳазор, 2019 ба 44,7 ҳазор, 2020 ба 63,3 ҳазор нафар ва соли 2021 ба 103,6 ҳазор нафар расидааст, ки нисбати соли қабл ҷаҳиши беш аз 70 дарсадӣ аст. 

Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 ин шумор аллакай ба 119 ҳазору 609 нафар расида, ки моҳона ба ҳисоби миёна 13 300 нафарро ташкил медиҳад. Аммо се моҳи охир ин адад ба 15200 нафра дар моҳ расидааст. Яъне дар октябр-декабри соли ҷорӣ метавонанд на камтар аз 45 000 нафраи дигар шаҳрванди Русия шаванд.

афзоиши бесобиқаи гирифтани шиносномаи русӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолест, ки Русия вориди ҷанг бо Укроин шуда ва аз тарси басиҷ ба ин ҷанг садҳо ҳазор шаҳрванди худи Русия ин кишварро тарк гуфтаанд. Ҳамчунин ҳазорҳо хориҷии дигар, ки дар ин кишвар ба сар мебурданд ба ватани худ баргаштаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *