Дар вокуниш ба саркӯби хашин ва қаҳромези мӯътаризон ба марги Маҳисо Аминӣ тавассути нерӯҳои амниятӣ дар ҷараёни эътирозоти ҷорӣ дар Эрон, рӯзи чаҳоршанбе 12 октябр Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди эъмоли таҳрим алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба тавофуқ расид.
Хабаргузории Фаронса, ин хабарро ба нақл аз дипломатҳои аврупоӣ мунташир кардааст.
Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре дар мавриди ин таҳримҳо мунташир нашудааст, аммо гуфта мешавад ки ин таҳримҳо дар нишасти рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург расмӣ мешавад.
Рӯзи чаҳоршанбе Урсула фон дер Ляйен раиси комиссияи Иттиҳодияи Аврупо гуфта буд: “акнун замони таҳрими касоне дар Эрон аст, ки дар саркӯби занон даст доранд.”
Ҳусайн Амир Абдулоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ, пештар таҳдид карда буд, ки агар таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ба тасвиб бирасад, Эрон низ муқобилаи ба мисл хоҳад кард.
Дар пайи идомаёбӣ ва густариши эътирозоти ҷорӣ дар Эрон ва дар вокуниш ба саркӯбии хашини мӯътаризон тавассути нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ, Канада аввалин кишваре буд ки таҳримҳои алайҳи сарони Ҷумҳурии Исломӣ вазъ кард.
Ин кишвар барои нахустин бор бо қарор додани Сипоҳи посдорон дар феҳристи созмонҳои террористӣ аз таҳрими 10 ҳазор узви Сипоҳ ва мамнуъияти доимии вуруди онон ба хоки ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи расонаҳои ҳуқуқи башарӣ мегӯянд ки то кунун беш аз 200 тан аз мӯътаризон ба дасти нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ кушта шудаанд.
Ин тасмими давлати Канада ба думболи тазоҳуроти 50 ҳазорнафарии эрониён дар шаҳри Торонто ва фишори анҷумани хонаводаҳои ҷонбохтагони ҳавопаймои укроинӣ гирифта шудааст.
Анналена Бербок, вазири умури хориҷаи Олмон ҳам рӯзи якшанбе 9 октябр дар гуфтугӯ бо нашрияи “Билд ам Зоннтаг” (Bild am Sonntag) эълом карда буд, ки таҳримҳои ҷадиде алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ дар роҳ аст.
Бербок бо интиқоди дубора аз Ҷумҳурии Исломӣ тасреҳ карда буд: “касе, ки занон ва духтаронро дар хиёбон зери латукӯб мегирад, инсонҳоеро, ки чизе ҷуз озодӣ намехоҳанд, мерабояд ва худсарона боздошт ва ба марг маҳкум мекунад, дар самти иштибоҳи таърих истодааст.”
Қонунгузорони Иттиҳодияи Аврупо низ аз ин Иттиҳодия хостаанд то мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла афроде, ки бо Гашти Иршод муртобит ҳастанд, дар листи сиёҳи сафар ба Аврупо қарор гиранд ва дороиҳои онҳо дар Иттиҳодияи Аврупо масдуд шавад.