Рубрики Хабарҳо

Дар Русия шаҳрванди Тоҷикистонро ба артиш даъват кардаанд

Мақомоти Русия ба шаҳрванди Тоҷикистон даъватномаи ҳарбӣ додаанд. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров хабар дода, матни гуфтугӯяш бо муҳоҷири тоҷикро ҳам нашр кардааст.

“Ба шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳеҷ гоҳ шаҳрвандии Русияро надошт, аммо таҳти муроқибати додгоҳӣ аст, даъватнома ба артиш додаанд. Ӯ наметавонад бинобар муроқибати додгоҳӣ аз Русия хориҷ шавад. Имрӯз ба сафорат меравад” — навиштааст Ёров.

Ҳомии ҳуқуқ номи аз шаҳрванд ном намебарад, аммо матни гуфтугӯ бо ӯро скриншот ва нашр кардаст. 

Тибқи гуфтаи шаҳрванди даъватномагирифта, ӯ дар Маскав қарор дорад. 

Ёров ба ӯ маслиҳат додааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба комиссариати ҳарбӣ наравад ва билофосила ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат намояд. 

Дар посух ба Паём Каримҷон Ёров гуфт, ки тақдири ояндаи ин муҳоҷир ҳанӯз маълум нест. Паём онро пайгирӣ намуда, ба хонандагон иттилоъ хоҳад дод.

Ба гуфтаи Ёров ба созмони онҳо аллакай 6 муроҷиъат аз шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудааст, ки аз даъват шуданашон ба артиш шикоят кардаанд. Аз ҷумла як шаҳрванди Узбекистонро, ки дар зиндон қарор дорад, таҳдид кардаанд, ки агар шартнома бо артишро имзо накунад, маҷбурӣ бурда мешавад.

Ҳамчунин як шаҳрванди Белорусро бурдаанд, ки аллакай дар ҷабҳаи ҷанг дар Луганск қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *