Маҷмаъаи парлумони Шӯрои Аврупо қатъномаеро дар ҳимоят аз Укроин ва ба расмият шинохтани режими Русия ба унвони режими террористӣ ба тасвиб расонд.
Дар ин бора Алексей Гончаренко, вакили пардумони Укроин дар канали телеграмиаш хабар дод. Ин хабар дертар дар расонаҳои маъруф тасдиқ шуд.
Ба гуфтаи вакили укроинӣ, 99 намояндаи Парлумони Аврупо ба ин қатънома раъйи мувофиқ дода, як намоянда раъйи бетараф додааст, ки ин як натиҷаи таърихӣ аст.
Гончаренко ҳамчунин ба муҳиммтарин нуқоти ин қатънома ишора мекунад:
ин як сигнали қавӣ дар миқёси ҷаҳонист ва ин гоми дигаре барои шиносоии Русия ба унвони ҳомии терроризм аст;
барои аввалин бор дар таърих, Шӯрои Аврупо эълом кард, ки бояд силоҳ дода шавад. Сухан дар бораи системаҳои дифоъи ҳавоӣ барои муҳофизат аз мардуми ғайринизомӣ меравад;
Хотирнишон мешавад, ки мондани Русия дар Шӯрои амнияти Созмони милал ғайриқонунӣ аст;
Ин қатънома аз таъсиси зудҳангоми як додгоҳи байналмиллалӣ ҳимоят мекунад.
Дертар расонаҳо ин хабарро тасдиқ карданд ва нуктаҳои муҳими онро нашр намуданд.
Дар санад бо унвони “Ташдиди бештар таҷовузҳои Федерасюни Русия ба Укроин” омадааст, ки “ин таҷовуз бояд ба сароҳат ба унвони як ҷиноят, ба унвони нақзи қавонини байналмиллалӣ ва ба унвони таҳдиди аслӣ барои сулҳ ва амнияти байналамиллалӣ маҳкум шавад”.
Маҷмаъаи парлумони Шӯрои Аврупо (PASE) аввалин созмони байналмилалӣ буд, ки Русияро ба унвони як кишвари террористӣ ба расмият шинохт.
Маҷмаъаи парлумонӣ бо тасвиби қатънома ба иттифоқи оро, режими феълии Русияро ба унвони режими террористӣ ба расмият шинохт ва ҳамчунин аз кишварҳои узви Шӯрои Аврупо хост:
ироаи системҳои дифоъи ҳавоӣ ба Украина;
референдумҳои ҷаълӣ, ки аз 23 то 27 сентябри 2022 дар манотиқи Луганск, Донетск, Запороже ва Херсони Украина баргузор шударо ба сароҳат маҳкум мекунанд ва аз ба расмият шинохтани ҳар як аз натиҷаҳои он худдори мекунанд;
Талош барои илҳоқи манотиқи Луганск, Донетск, Запороже ва Херсонро ба унвони нақзи қавонини байналмилалӣ ва таҳдиде ҷиддӣ барои сулҳу амният байналмилалӣ маҳкум мекунад ва аз ба расмият шинохтани ҳар гуна натиҷаҳо иҷтиноб мекунад;
Ироаи ҳимояти молӣ барои бозсози Украина;
Заминасозии як системаи ҷомеъи масъулият дар қиболи нақзи қавонини байналмилалӣ ношӣ аз таҷовуз Русия ба Украина;
Эҷоди босуръати додгоҳи байналмиллалии вижа барои муҳокимаи Русия ба далели ҷинояти таҷовуз ба Украина.
Эҷоди як механизми фарогири ҷуброни байналмиллалӣ, аз ҷумла сабти байнтлмиллалии зарару зиён ва ҳамкории фаъолона бо мақомоти Укроин дар ин росто;
Ташвиқи Маскав ба маъмуриятҳои башардӯстонаи Созмони милал, Кумита байналмилалии Салиби сурх, Шӯрои Аврупо ё ҳар созмони байналмиллалӣ ё кишвари узви дигар барои осонсозии табодули асирони ҷангӣ ва озодии зиндониёни сиёсӣ:
Ҳимоят аз ин ки ҳар гуна музокира бар асоси шартҳои Укроин анҷом хоҳад шуд.
Қабл аз раъйгирӣ дар Маҷмаъаи намояндагон, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин аз тариқи видеои онлайнӣ сӯҳбат кард. Ў аз маҷмаъа хост то федерасюн Русияро ба унвони як кишвари террористӣ ба расмият бишносад, як додгоҳ барои Русия ва як механизми ҷуброни хисорат барои Укроин эҷод кунад.
Лозим ба зикр аст, ки қаблан Маҷмаъаи умумии Созмони милал қатъномае ба тасвиб расонд, ки дар он созмонедҳи ғайриқонуни референдум ва илҳоқи теъдоде аз сарзаминҳои ишғолии Укроин ба Русия маҳкум шуд.