Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо, ки аз 5 то 13 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор шуд, бидуни медал монд.
Бино ба иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд дар маҷмӯъ 571 варзишгар (310 мард ва 261 зан) аз 82 кишвар ширкат карданд.
Миёни варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг натиҷаи беҳтаринро касб карда, мақоми панҷумро касб кардааст. Темур дар нахустин қувваозмоӣ бар намояндаи Словакия Мариус Физел пирӯз шуд.
Варзишгари тоҷик дар ду қувваозмоии баъдӣ бо пирӯзӣ аз Ҷозеф Терес аз фаронсавӣ ва Минчонг Кими Кореяи ҷанубӣ қавӣ баромад ва ба даври ниманиҳоии чемпионат роҳ ёфт.
Дар даври ниманиҳоӣ Темур Раҳимов аз варзишгари Ҷопон Татсуру Сайто ва дар мубориза барои ҷойи севум аз Гурам Тушишвили гурҷӣ шикаст хӯрда, дар ниҳоят дар ҷои 5-ум қарор гирифт.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо низ Эмомалӣ Нуралӣ, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Беҳрӯз Хоҷазода, Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Абубакри Акобир намояндагӣ карданд, ки чандон хуб ҳунарнамоӣ накарданд.
Ҷойи аввал насиби мунтахаби Ҷопон, ҷои дуюм Бразилия, ҷойи сеюм насиби намояндагони Узбакистон гардид. Дзюдочиёни 8 мамлакат медали тилло гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи 5-ум дар байни 82 кишвари ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар зинаи 28-ум қарор дорад.