Рубрики Хабарҳо

Доналд Трамп расман раисҷумҳури Амрико шуд

Имрӯз, ҷумъа, 20 январ Доналд Трамп бо адои савганд дар ҳузури раиси Додгоҳи олӣ ва даҳҳо тан аз шахсиятҳои баландпоя, аз ҷумла Барак Обама, раисҷумҳури собиқ ва руасои ҷумҳурӣ, чиҳилупанҷумин раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико шуд.

Пеш аз Трамп Майк Пенс ба унвони муовини раисҷумҳур савганд адо кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико ба ҳамроҳии ҳамсараш Манилия Трамп, имрӯз маросими интиқоли раёсати ҷумҳуриро бо ҳузур дар маросими динӣ дар калисои Юҳанно дар ҳамсоягии Кох Сафед оғоз кард.

Пас аз он Трамп ба Кохи Сафед рафт ва дидореро бо Барак Обама оғоз кард. Ин ду зимни гуфтугӯҳояшон чой нӯшиданд ва дар як корвон, ба сохтмон Капитали кунгура рафтанд ва онҷо Тромп савганди раёсати ҷумҳурӣ ёд кард ва сипас ба унвони раисҷумҳури нави Иёлоти муттаҳида, нутқи худро эрод кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *