Дар машқгоҳи Округи низомии ғарбии Русия воқеъ дар деҳаи Солотии вилояти Белгород се нафар басиҷиён ҳангоми машқ мили тирандозҳоро (пулемёт) ба самти басиҷиёни дигар гардонданд ва оташ кушоданд. Дар натиҷа, тибқи маълумоти гуногун, аз 11 то 22 нафар кушта ва аз 15 то 35 нафар захмӣ шудаанд.
Дар ин бора чанд шабакаи телеграмии русӣ, ки хабарҳои ҷанг дар Укроинро пайгирӣ мекунанд хабар доданд. Дертар Вазорати дифоъи Русия хабарро тасдиқ кард ва аз кушта шудани 11 нафару ҷароҳат бароштани 16 нафар хабар дод.
Бархе шабакаҳо басиҷиҳоеро, ки ба самти ҳамсилоҳонашон тир кушоданд, тоҷик номиданд. Ба навиштаи яке аз ин шабакаҳо гӯё ин ду тоҷик 12 октябр ба артиш пайваста будаанд. Бархе дигар навиштаанд ҳамлагарон се нафар буда, ду нафарашон кушта шудаанд ва ба нафари севум муяссар шудааст фирор кунад.
Дар хабари аввали Вазорати дифоъи Русия омадааст “дар полигони Округи низомии ғарбӣ дар вилояти Белгород аз ҷониби ду шаҳрванди яке аз кишварҳои ИДМ иқдоми террористӣ содир шуд”.
Дар хабари дувум гуфта мешавад “дар натиҷаи иқдоми террористӣ дар вилояти Белгород 11 нафар кушта в 15 нафари дигар захмӣ шуданд. Ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида мешавад”.
Дар идомаи ин хабар гуфта мешавад “ду террорист бо оташи ҷавобӣ дар машқгоҳ аз пой дароварда шуданд. Дар ҷои ҳодиса мақомоти қифзи ҳуқуқ кор мекунанд”.
Ҳарчанд Вазорати дифоъ Русия миллати ҳамлагаронро зикр накардааст, ба дӯши тоҷикон гузошта шудани ин иқдоми террористӣ аз тарафи бархе шабакаҳои телеграмии русиро коршисносон қасосгирии онҳо ба суханронии Раҳмон дар Остона, ки бо тундӣ ба Путин эътироз кард медонанд.
Дар ҳамин ҳол ин суол ҳам пайдо шудааст, ки шаҳрванони хориҷӣ дар машқгоҳи артиши Русия чи кор мекарданд, дар ҳоле, ки ҳеҷ кишваре ҳақ надорад шаҳрванди кишвари дигарро ба артиш ва гузашта аз он ба ҷанг барад.