Рубрики Хабарҳо

Эрон ирсоли ҳар навъ силоҳ ба Маскавро такзиб кард

Эрон рӯзи шанбе бори дигар ирсоли силоҳ ба Русия барои истифода дар ҷанги Укроинро такзиб кард. 

Киев ва муттаҳидони ғарбии он Маскавро ба истифода аз паҳподҳои сохти Эрон дар ҳамалоти ҳафтаҳои ахир ба Укроин муттаҳам мекунад. Пешбинӣ мешавад ин мавзӯъ рӯзи душанбе дар нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург мавриди баҳс қарор гирад. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки хадамоти ҷосусии Амрико Эрон тасмим дорад ба Русия мушакҳои баллистикии “Фотеҳ 110” ва “Зулфиқор”, ки қодир ба задани ҳадаф дар 300 ва 700 километр ҳастанд ирсол кунад.  

Тибқи баёнияи вазорати умури хориҷаи Эрон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар гуфтугӯ бо Жоао Гомес Кроавино, вазири умури хориҷаи Португалия гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ унвон силоҳ барои бакоргирӣ дар ҷанги Укроин дар ихтиёри ҳеҷ тарафе қарор надода ва нахоҳад дод.” 

Вай афзуд: “мо мӯътақидем, ки таҳвили таслиҳот ба ҳар як аз тарафайн боиси тӯлонӣ шудани ҷанг мешавад.” 

Амир Абдуллоҳиён дар гуфтугӯи дигаре бо Жозеп Боррел, раиси дастгоҳи дипломосии Аврупо мавзеъи расмии Эрон дар қиболи ҷанги Укроинро такрор кард. 

Вай гуфт: “мо дар заминаи дифоъӣ бо Русия ҳамкорӣ мекунем. Сиёсати мо дар бораи ҷанг дар Укроин ин аст, ки барои тарафҳои даргир силоҳ ирсол накунем.” 

Укроин дар таърихи 23 сентябр тасмими худро барои коҳиши чашмгири ҳузури дипломатики Эрон дар Киев ба талофи мавзӯъи таҳвили паҳпод ба Русия эълом кард. 

Иёлоти муттаҳида низ дар моҳи сентябр таҳримҳоеро алайҳи як ширкати эронӣ, ки дар заминаи таҳвили паҳпод ба Русия фаъолият мекард, вазъ кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *