Рубрики Хабарҳо

Содиров аз Путин барои ҳалли мушкили марзӣ ба Тоҷикистон кӯмак хостааст

Дар нишасти сеҷонибаи раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон, ки рӯзи 13 октябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуда буд, Содир Ҷабборов аз Владимир Путин хостааст дар ҳалли мушкили марз бо Тоҷикистон кӯмак расонад. Дар ин нишаст роҳбарони се кишвар масоили марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва низоъи ду кишвар баро онро баҳс карда буданд.

Дар ин бора котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов иттилоъ дода гуфтааст Путин ба Содиров ваъда карда, ки даъвои ду ҷонибро меомӯзад.

«Дар Остона миёни раисҷумҳурҳо гуфтугӯи ошкоро сурат гирифт. Мушкили марз ба хотири баррасӣ шуд, ки масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории он сари вақт ҳал нашуд. Аз ин хотир раисҷумҳури мо аз Путин хост, ки дар ҳалли он кӯмак кунад. Ҷониби Русия ваъда кард, ки далелҳои ҳар ду ҷонибро меомӯзад ва дертар баҳои ниҳоӣ хоҳад дод. Фикр мекунам, ки мушкил ҳал хоҳад шуд, зеро дар Москва метавонанд, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва харитаҳоро пайдо намоянд», — гуфтааст Имонқулов.

Қаблан Путин дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин бора гуфта буд, «дар бораи марзҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар Маскав нисбат ба худи ҷумҳуриҳо маълумот бештар вуҷуд дорад».

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *