Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ҳамчунин муваззаф ба пардохти ҷарима гашт. Дар ин бора «Азия-Плюс» бо истинод ба пайвандони Далери Имомалӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ, ҳукми рӯзноманигор дирӯз, 17-уми октябр, эълон гардидааст. Вакили дифръи Далери Имомалӣ аз ироаи маълумот дар бораи ҳукми эълонгардида худдорӣ кардааст. Дар хусуси вокуниши пайвандони Далери Имомалӣ ва худи ӯ ба ҳукми эълоншуда маълумот дастрас нест ва ҳам дақиқ нест, ки оё аз болои ҳукми содиргардидаи зинаи аввал шикояти кассатсионӣ бурда мешавад ё на.
Дар мурофиаи қаблӣ, айбдоркунандаи давлатӣ барои Далери Имомалӣ 10,5 соли зиндон хоста буд.
Мурофиаи додгоҳии ин рӯзноманигор ва блогнависи шинохта 7-уми октябр дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) оғоз гардид.
Дар мурофиаҳо назидикони Далер ва рӯзноманигорон роҳ дода нашуданд. Қаблан гуфта мешуд, ки ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд.
Гуфтанист, Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд.
Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуд.
Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯа рӯзи 4-уми октябр бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд. Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ғайр аз Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ баррасии парвандаи ду рӯзноманигори дигари тоҷик дар суд идома дорад: Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ.