Тибқи иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 17 октябр дар вилояти Бодканд зимни кӯшиши интиқоли маблағи калони асъори нақд аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 4 нафар боздошт ва маблағ мусодира шудааст. Манбаъ чанд акс ва навор ҳам нашр кардааст.
Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти ин кумита аз қочоқбар 2 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоӣ пайдо ва мусодира шудааст. Дар ҳамин ҳол, ин дар бораи ба кӣ таъаллуқ доштани ин маблағи бузург иттилоъ намедиҳад.
Гуфтанист, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми бузург маводи сӯхт интиқол мешавад. Ин қочоқ аз ҷониби Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур сурат мегирад.
Бино ба иттилои мақомоти амниятии Қирғизистон, 4 шаҳрванди ин кишвар, ки эҳтимолан ба фаъолияти ғайриқонунӣ даст доштаанд, дастгир гардида, дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Бодканд ҷойгир карда шуданд.
Ҷониби Тоҷикистон то ин лаҳзаҳо ба ин хабар вокуниш нишон надодааст.