Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР/22.04

Рӯзномаи Kurier бо такя ба намояндагони ширкати OMV Group хабар додааст, ки Австрия баъди оғози амалиёти низомии Украина аз воридоти нафти  Русия комилан даст кашидааст. 

Кайд карда мешавад, ки Казокистон солхои зиёд ба Австрия таъминкунандаи асосии нафт буд — 38,9 фоизи тамоми воридот ба он рост меояд. Дар ҷои дувум Либия (22,1 фоиз) ва баъдан Ироқ (20,7 фоиз) қарор доранд. Аз Русия бошад, воридоти нафт  7,8 фоизро ташкил медод. Қаблан Литва аввалин кишвари Иттиҳодияи Аврупо буд, ки аз гази Русия комилан даст кашид. 

Чанд рӯз пеш садри аъзами Австрия Карл Нексаммер эълом дошта буд, ки барои даст кашидан аз газ  Русия солҳо лозим мешавад. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир 80 дарсади гази Австрияро Русия таъмин мекунад.

***

Як масҷиди шиъаён дар Афғонистон аз сӯи як бомбгузори худкуш мунфаҷир шуд

ДИИШ масъулияти бомбгузорӣ дар як масҷиди шиъа дар шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистонро бар ӯҳда гирифт. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ин хабарро тавассути шабакаҳои иҷтимоии худ паҳн карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, шумори кушташудагон дар ин таркиш ба 31 нафар расида, беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамла ҳангоми намози нисфирӯзӣ сурат гирифтааст. Маргталаб ҳангоми адои намоз худро тарконидааст.

***

Sky Sports хабар медиҳад, ки капитани «Манчестер Юнайтед» Гарри Магуайр бо сабаби таҳдидҳо маҷбур шуд, ки полисро даъват кунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ба хонаи ин бозигар бо хатари тарконидан таҳдид кардаанд. Кормандони интизомӣ хона ва гирду атрофи онро кофтуков карда, ягон маводи тарканда наёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Магуайр аз сабаби иштироки номуваффақаш дар бозӣ  мунтазам танқид мешавад. Магуайри 29-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” 35 бозӣ карда, ҳамагӣ ду гол задааст. Шартномаи ӯ бо тими футбол  то тобистони соли 2025 амал мекунад.

***

Ба иттилои расонаи ТАСС артиши Чин ба Русия кӯмак карданист. 

ИМА аломатҳоеро мушоҳида карда, ки артиши  озодибахши Ҷумҳурии Халқии Чин  куввадои мусаллади Россияро дастгирй мекунад. Дар ин бора муовини ёвари президент оид ба амнияти миллӣ Дулиб Сингҳ хабар додааст. 

Сингҳ гуфт, корпоратсияҳо ва бонкҳои чинӣ аз саркашӣ аз таҳримҳои мустақим эҳтиёт мекунанд, аммо “далелҳои нигаронкунанда” вуҷуд доранд, ки артиш аз артиши Русия тавассути як қатор каналҳои мустақим ва ғайримустақим пуштибонӣ мекунад.

Муовини вазири хориҷаи Амрико Вендӣ Шерман қаблан гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида барои пешгирӣ аз муноқиша бо Чин «мустаҳкам» рақобат хоҳад кард.

***

Ба Марк Зукерберг ва Камала Харрис вуруд ба Русия мамнӯъ шуд

Ба гузориши сойти вазорати умури хориҷаи Русия, Русия алайҳи муассиси ширкати Meta Марк Зукерберг ва ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррис таҳрим ҷорӣ кард.

«Дар феҳристи афроди мамнӯъ аз вуруд ба Русия 29 амрикоӣ, аз ҷумла ҳамсарони раҳбарони русофобҳо, тоҷирон, коршиносон ва рӯзноманигорон ва шуморе аз мансабдорони воломақом шомил шудаанд», — омадааст дар хабари вазорат.

Дар рӯйхати таҳримҳо ба ҷуз Ҳаррис ва Зукерберг дар маҷмӯъ 29 нафар ҳастанд.

***

Муассиси Telegram Павел Дуров шаҳрвандии Имороти Муттаҳидаи Арабро гирифт. Дар ин бора нашрияи Forbes бо такя ба манобеъи наздик ба Дуров хабар додааст.

Ба ин тартиб, Дуров шаҳрванди чаҳор кишвар – Русия, Сент-Киттс ва Невис, Фаронса ва АМА шуд.

Аммо ба гуфтаи як манбаи дигар мӯҳлати шиносномаи русии Павел Дуров ба охир расидааст. Дар русия шумораи корбарони телеграм шамагӣ 8 фоизанд ва дар ин кишвар намояндагӣ ҳам надорад. 

***

Вагит Алекперов, муассиси бузургтарин ширкати хусусии нафтии Русия, Лукойл аз мақоми роҳбарии ширкат истеъфо дод. Ин ҳабар дар вебсайти ширкат нашр шудааст. Алекперов 28,3 дарсади саҳмияҳои Лукойлро дар ихтиёр дорад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 10,5 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.

Лукойл яке аз бузургтарин ширкатҳои нафту гази ҷаҳон аст, ки беш аз 2 дарсади истихроҷи нафти ҷаҳон ва тақрибан 1 дарсади захоири кашфшудаи карбогидридро ташкил медиҳад. Ин дуввумин бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар Русия аст.

Бино ба гузоришҳо, Алекперов аз соли гузашта беш аз нисфи дороии худро аз даст додааст.

***

Теъдоди қурбониёни тӯфони Мэгги дар Филиппин ба 224 нафар расид

Зиёда аз 2,08 миллион нафар аз тӯфони тропикии Мэгги дар Филиппин осеб дидаанд. Дар гузорише, ки Шӯрои Миллии ҷилавгирӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ рӯзи 21 апрел нашр кард, гуфта мешавад, ки бар асари тӯфон 224 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тӯфон 9 минтақаро фаро гирифтааст. Зиёда аз 175 000 нафари таҳлияшуда дар 447 маркази эвакуатсия қарор доранд. Дар ин офати табиӣ 147 нафар бедарак гум шуданд. Тӯфони Мэгги 10,5 ҳазор хонаро  хароб кард. Айни ҳол  дар 196 муассисаи таълимӣ ва 139 корхона дар 8 минтақа фаъолият боздошта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *