Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, созишномаи бо ҳукумати Русия басташударо «дар робита ба хариди нерӯи барқ аз НБО Сангтӯда-1 бо рубли русӣ» бознигарӣ кунад.
Ин яке аз нуктаҳои Барномаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли равон қабул шудааст.
Бар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар соли 2009 барои фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1, нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ бо доллари амрикоӣ пардохт мешавад.
Дар аввал тарофа барои 1 киловатт соат ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда 0,0169 доллар муқаррар шуда буд. Аз оғози соли 2010 дар ин созишнома ҳар сол болоравии нархнома барои бозори дохилии Тоҷикистон дар муқоиса бо сатҳи соли қаблӣ на камтар аз 4% пешбинӣ шуда буд.
Ягона харидори неруи тавлиди нерӯгоҳ Ширкати холдингии «Барқи тоҷик» аст, ки дар навбати худ интиқол, тақсим ва фурӯши онро ба истеъмолкунандагони ниҳоии Тоҷикистон таъмин мекунад.
Раҳбарияти «НБО-1-и Сангтӯда» борҳо масъалаи мустақилона фурӯши нерӯи барқи онро дар сатҳҳои гуногун матраҳ кардааст.
Бахши русии хабаргузории АзияПлюс менависад, ҶСК «НБО Сангтуда-1» қаблан ба ин расона иттилоъ дода буд, ки ин ҳуқуқҳо дар созишномаҳои байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия басташуда, вале онҳо то ҳол аз ин ҳуқуқҳо истифода бурда наметавонанд.
Мувофиқи шартномаи хариду фуруши басташуда ҳаҷми солонаи додани қувваи электр бояд 2,7 миллиард киловатт-соат бошад.
Дарвоқеъ, «Барқи тоҷик» аз 1,6 миллиард то 2,3 миллиард кВт/соат аз ин нерӯгоҳ барқ мегирад. Ҳаҷми интиқоли барқро чи дар тобистон ва чи дар фасли зимистон ширкати «Барқи тоҷик» муайян мекунад.
Ширкати холдингии «Барқи тоҷик» дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 2 миллиарду 262 миллион (беш аз 180 миллион доллар) қарздор буд.
Сатҳи миёнаи пардохт дар соли 2021 аз 38 дарсади арзиши нерӯи барқ зиёд нест, ки ин пасттарин нишондод дар таърихи нерӯгоҳ мебошад.
ҶСК «НБО «Сангтуда-1» як корхонаи муштараки Русияву Тоҷикистон аст. Дар ин корхонаи муштарак ҳукумати Тоҷикистон 25% ба иловаи 1 саҳмия дорад ва 75% бо тарҳи бо 1 саҳмияро Русия дар ихтиёр дорад.
Иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 670 МВт мебошад. Истеҳсоли миёнаи шабонаруз қариб 8,4 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад.
Саҳми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон 11,2% аст.