Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи сешанбе 18 октябр эълом кард, ки ин созмони низомӣ дар чанд рӯзи оянда ба Укроин системи дифоъи ҳавоӣ хоҳад дод. Ин система ба он кӯмак мекунад, ки ба кишвар аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия, аз ҷумла ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои маргталаби Эрон дифоъ кунад.
Тибқи эъломи ҳукумати Укроин, неруҳои Русия пас аз шикастҳои пай дар пай дар ҷабҳаҳои набард, ҳамалоти худро равон ба зербиноҳои дур аз хатти муқадами ин кишвар кардаанд ва Маскав тайи ҳафтаи гузашта тақрибан сеяки нерӯгоҳҳои барқии Укроинро тавасути ҳамалоти паҳподӣ тахриб кардааст.
Столтенберг дар як конфронси амниятӣ дар Берлин, пойтахти Олмон бо баёни ин ки посухи мутаҳидони НАТО ба ҳамалоти Русия, тақвияти системаҳои дифоъии ҳавоии Киев хоҳад буд, гуфт “муҳимтарин коре ки метавонем анҷом диҳем ин аст ки тибқи он чи қавл додаем системаҳои дифоъии ҳавоии Укроинро тақвият кунем. НАТО дар чанд рӯзи оянда системаи зидди паҳпод ба Киев таҳвил хоҳад дод то дар муқобили таҳтидҳои паҳподӣ аз ҷумла паҳподҳои эронӣ аз худ муҳофизат кунад.”
Чанд мақоми давлати Эрон ба хабаргузории Рейтерз гуфтанд ки Теҳрон қавл додааст ба Русия паҳподҳо ва мушакҳои бештаре нафурӯшад. Бино ба бархе гузоришҳо Маскав ба хотири таҳримҳои давлатҳои ғарбӣ дар таҳияи таҳсилот ва таҷзизоти низомӣ барои истифода дар ҷанги Укроин бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Дабири кулли НАТО ҳамчунин афзуд: “ҳеч кишваре набояд аз ҷанги ғайриконунии Русия алаҳи Укроин ҳимоят кунад.”