Рубрики Хабарҳо

Вазири дифоъи қирғиз: бе миёнарав ҷанг бо Тоҷикистон тамом намешавад

Вазири дифоъи Қирғизистон Бактибек Бекболотов дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек, ки имрӯз, 19-уми октябр баргузор шуд, гуфт барои барқарории сулҳ Қирғизистону Тоҷикистон ба миёнарав эҳтиёҷ доранд. 

Ба гуфтаи Бекболотов ҳарду ҷониб ҳақиқати худро доранд: “Мутаассифона, ин поёни ҷанг нест. Чанде пеш бо Дабири кулли СААД Станислав Зас вохӯоӣ доштам. Ба ӯ гуфтам, ки байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд. Сабаб ин аст, ки қирғизҳо ҳам ҳақиқати худро доранду тоҷикон низ”.

Вазири қирғиз мутмаин аст, ки байни ду ҳамсоякишвар бояд доваре, “барои мисол СПАД, биистад ва оташбасу берун бурдани силоҳҳои вазнинро аз сарҳад назорат кунад. Агар ин ду масъаларо ҳал кунанд, метавонем, ба баррасии вазифаҳои сиёсии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон шуруъ кунем. Ин баҳс на 30 сол, балки 98 сол боз идома дорад.»

Қаблан котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфта буд, ки раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов аз Путин , ки ба масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон кумак кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *