Додситони кулли Тоҷикистон дар конфронси ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ барои мубориза ба тероризм гуфт ки қочоқи маводи мухадир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.
Юсуф Раҳмон дар ин нишаст ки дар пойтахт Тоҷкистон баргузор шуда,афзуд: “қочоқи маводи мухадир ҳимояти молӣ аз терористҳо аст”.
Конфронси “ҳамкории байналмиллаӣ ва минтақаии амният ва мудирияти марзҳо барои муқобила ба бо тероризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати тероризмҳо” рӯзи сешанбе 18 октябр барои ду рӯз оғоз ба кор кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт дар солҳои ахир домани таҳдидоти ношӣ аз тероризм ва ифротгароӣ ба таври пайваста дар ҳоли густариш аст ва фаъолияти тероризм беш аз пеш фаромиллӣ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз “фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон” иброзӣ нигаронӣ кард ва пешниҳод дод ки дар атрофи Афғонистон як камарбанди амниятӣ эҷод шавад.
Қочоқи маводи мухадир аз Афғонистон аз дигар нигарониҳои Тоҷикистон аст.
Додситони кулли Тоҷикистон дар ин конфронс гуфт ки дар соли 2021 кашфу забти маводи мухадир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.
Ӯ гуфт фақат дар соли гузашта 4 тонн маводи мухадир дар кишвар забт шуда ки нишон медиҳад ҷараёни маводи мухадир аз Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Додситони кулли Тофикистон хитоб ба ширкаткунандагон таъкид кард ки ин вазъият зарурати тақвияти ҳамоҳангии фаъолиятҳо дар мубориза бо маводи мухадирро металабад.
Ин конфронси дурӯза бо ҳамкории Созмони милал ва Аврупо, Тоҷикистон, дафтари мубориза бо тероризми Созмони милал, Итиҳодияи Аврупо, Арабистони сауди ва Қатар баргузор шудааст.