11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раҳимзода: Толибон ба “беш аз се ҳазор террорист” шиносномаи Афғонистон содир кардааст

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Конфронси ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ барои мубориза ба тероризм гуфт ки Толибон то кунун ба беш аз се ҳазор нафар аз “аъзои гурӯҳҳои террористӣ” шиносномаи Афғонистон содир кардааст.

Рамазон Раҳимзода афзуд: ин вазият як бори дигар хатари режими Толибонро тайид мекунад.
Дар ҳамин ҳол ӯ ҳеҷ далеле барои ин ҳарфҳояш ироа накард. Ин маълумот аз тарафи кишварҳои абарқудрате мисли Амрико, ки бо Толибон меҷангад низ гузориш нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати дохила омори дурӯғ зиёд нашр мекунанд. Барои мисол шумори “террористон”-е, ки ҳар сол сол ин ин вазорат аз боздошташон хабар медиҳад ва ё “амалиёти террористие”, ки аз хунсо шудананшон гузориш ироа мекунад, аз тамоми дунё, ҳатто аз кишварҳои ҷангзада бештар аст. Дар ҳамин ҳол шумори амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон камтарин дар ҷаҳон мебошад.

Зиндонҳои Тоҷикистон пур аз ҷавонону мардоне ҳастанд, ки бидуни камтарин гуноҳе боздошт шуда, сипас зери шиканҷа тарҳрезии кадом як амалиёти террористиро ба дӯш гирифтаанд. 

Конфронси “ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ барои мубориза ба тероризм ва ҷилавгирӣ аз террористҳо” рӯзи сешанбе 18 октябр барои ду рӯз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон оғоз ба кор кард.

Ин конфронси ду рӯза бо ҳамкории Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Тоҷикистон, Дафтари мубориза бо терроризми Созмони милал, Итиҳодияи Аврупо, Арабистони Саудӣ ва Қатар баргузор шудааст.

Вазири дохилии Тоҷикистон дирӯз, чоршанбе 19 октябр хитоб ба ширкаткунандагон такид кард ки “мушкилоти Афғонистон бояд дар марзи таваҷҷӯҳи ҳама бошад.”

Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар рӯзи аввали ин нишаст гуфта буд ки даҳҳо нафар “муҷоҳид ва интиҳорӣ” дар Афғонистон омӯзиш мебинанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле худро мубориз алайҳи терроризм медонанд, ки дар ҷанги Русияву Укроин, дар канори русия истодаанд. Тибқи бархе маълумот паҳводҳои эронӣ ба Русияе, ки инак аз тарафи кишварҳои Аврупо террористӣ эълон шуд, тариқи Тоҷикистон расонида мешаванд.

Толибон то кунун ба ин изҳороти мақомҳои Тоҷикистон вокуниш надоштаанд. аммо ин гурӯҳ дар чанд рӯзи ахир корзореро дар твитер ба роҳ андохтанд ва бо тақдиру тамҷид аз нерӯҳои интиҳории худ дар бист соли гузашта, ин иқдомро таблиғ мекунанд.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *