Рубрики Хабарҳо

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба иддаои вазири дифоъи Қирғизистон

Раёсати Нерӯҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо пахши изҳороте даъвои вазири дифои Қирғизистон Бакитбек Бекболотовро иғвоангез ва хилофи роҳи дипломатии ҳалли масъалаҳои баҳсӣ номид. Бекболотов рӯзи 19 октябр гуфта буд, «байни Қирғизистону Тоҷикистон бидуни миёнарав сулҳ нахоҳад шуд».

Дар вокуниши ин ниҳод, ки шоми дирӯз, 20-уми октябр, дар АМИТ “Ховар” нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки новобаста аз тавофуқоти ҳосилшудаи дуҷониба дар хусуси роҳ надодан ба муноқишаҳои навбатӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи худ ба барангехтани кинаву адовати миллӣ мусоидат карда, ба муносиботи байниҳамдигарӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд.

“19-уми октябри соли ҷорӣ Вазири мудофиаи ҶҚ Бакитбек Бекболотов зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки: «Байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд». Ин изҳороти иғвоангезона пурра муқобили ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мебошад. Б.Бекбулатов ишора кард, ки мушкилоти муайянкунӣ ва аломатгузории марзӣ то лаҳзае, ки силоҳҳои вазнин аз хатти сарҳади давлатӣ берун бурда нашаванд, боқӣ мемонанд. Вале ҳамзамон бо ин, хабар дод, ки аз тарафи Қирғизистон маҷмуи мушакандози зенитии С-125 «Печора-2БМ» харидорӣ гардидааст ва дар ҳудуди вилояти Бодкан ҷойгир карда мешавад”, — гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.

Ба таъкиди Раёсати Нерӯҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалкарди вазир ошкоро бар хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон дар хусуси аз тариқи гуфтушунид ва бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя ҳал кардани масъалаҳои баҳсӣ, равона шудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳадафи асосии изҳороти мазкур тезутунд сохтани ваъият дар хати сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мебошад.

“Гузашта аз ин, мавқеи узви Ҳукумати ҶҚ бо протоколҳои имзошудаи дуҷониба таҳти №39, №41, ва №42, ки тибқи онҳо масъалаҳои муайянкунии сарҳад бояд дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд, мухолифат мекунад. Ҷойгиркунии воситаҳои иловагии зиддиҳавоӣ дар вилояти Бодкан рӯирост вайрон кардани банди «е»-и Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 мебошад”, — омадааст дар изҳорот.

Маркази матбуоти Раёсати Нерӯҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтааст, ки муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон муқобили уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи тарафҳо буда, ба мураккабшавии вазъият дар сарҳад ва пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба якдигар боис мегарданд.

“Аз ин хотир, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд даъват мекунад, ки ба паҳн сохтани чунин суханронӣ ва муроҷиатҳои мансабдорон, ки метавонанд мураккабшавии вазъият, душманию бадбиниро байни ду халқ ба вуҷуд оранд, роҳ дода нашавад”, — омадааст дар изҳорот.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 19-уми октябр, зимни нишастӣ хабарӣ дар Бишкек вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов изҳор намуд, ки “байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ барқарор намешавад”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *