Рубрики Хабарҳо

Боздиди як мақоми амрикоӣ аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Директор оид ба захираҳо ва таҳлили Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳдаи Амрико Роберт Унгер аз вилоятҳои Ӯш ва Бодканди Қиризистон дидан кард.

Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо истинод аз қавли Алмасбек Абитов, намояндаи президент ва ҳукумат дар Жогорку Кенеш хабар додааст.

Аз маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, ки Абитов дар ҷаласаи парлумони ин кишвар қироат кардааст, маъулм мешавад, ки сафари кории Роберт Ангер аз 16 то 18 октябр давом кардааст. Дар ин муддат намояндаи ИМА аз вилояти Бодканд дидан карда, бо муовини вазири ҳолатҳои изтирорӣ Урматбек Шамирқанов мулоқот кардааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки “дар ҷараёни мулоқот ҷониби Амрико бо вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, кори вазорат ва ҳамчунин биноҳое, ки одамон муваққатан ҷойгир шудаанд, шинос шуд. 

Рӯзи гузашта дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон вакили парлумон Адахон Мадумаров гуфта буд, ки як ҳайати низомии Амрико вориди Қирғизистон шудааст. Мадумаров гуфтааст “мо аъзои СПАД ҳастем. Ба наздикӣ дар Санкт-Петербург ҷаласаи ин созмон баргузор мешавад. Мо бо Иёлоти Муттаҳида созишнома дар бораи ҳамкориҳои низомӣ надорем, лоиҳае вуҷуд надорад, чунин масъала дар парлумон ҳам баррасӣ нашудааст”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *