Арабистони Cаудӣ рӯзи душанбе эълом кард, ки 5 миллиард доллар ба Бонки марказии Туркия амонат карда, ки эҳтимолан ба Анқара кумак мекунад то арзиши лирро, ки муддатҳост заиф шуда, тақвият кунад. Ин вазъият пас аз зилзилаи шадиди моҳи гузашта, ки ҷанубу шарқии ин кишвар ва шимоли Сурияро ларзонд, бадтар ҳам шуда буд.
Ин амонатгузорӣ санги бинои беҳбуди равобити Арабистон ва Туркияро пас аз солҳо таниш байни ду кишвар фароҳам хоҳад кард. Ин равобит пас аз қатли Ҷамол Хошоқчӣ, сутуннависи рӯзномаи “Вашингтон пост” дар консулгарии Арабистон дар хоки Туркия дар соли 2018 тира шуда буд. Туркия ҳатто аз Қатар дар баробари таҳрими чандсолаи Арабистон, Баҳрайн, Миср ва Амороти муттаҳидаи арабӣ ҳимоят карда буд.
Ин амонатгузорӣ эҳтимолан ба тақвияти Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия қабл аз интихоботи даври баъдӣ дар соли ҷорӣ кумак хоҳад кард.
Арабистон ин хабарро аз тариқи баёнияе дар хабаргузории давлатии ин кишвар эълом кард. Ин амонатгузорӣ ба унвони “нишони ҳамкории наздик ва равобити таърихие, ки байни подшоҳӣ ва ҷумҳурии Туркия ва мардуми бародари он вуҷуд дорад” тавсиф шудааст. Гуфта мешавад, ки ин пул аз сандуқи тавсеаи Арабистон таъмин шудааст.
Дар ин баёния ҳеҷ ҷузъиёте дар мавриди тарзи истифода аз пул ё ин ки Арабистон метавонад онро дубора пас бигирад, гуфта нашудааст.
Бо ин ҳол, чунин амонате метавонад ба афзоиши нархи арзи як кишвар дар баробари арзҳои дигар дар сатҳи байналмилалӣ кумак кунад.
Хабаргузории давлатии Анатолуи Туркия ин амонатро сутуд ва гуфт, ки он нишондиҳандаи “ҳимояти қавии подшоҳи саудӣ аз мардуми Туркия ва эътимоди ин кишвар ба ояндаи иқтисоди Туркия аст.”
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин навишт: “ин тавофуқ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тавсеаи пойдори Туркия ҳимоят мекунад. Ҳадафи он кумак ба ҳали мушкилоти иқтисодӣ дар бахшҳои мухталиф аст.”
Туркия қабл аз зилзилаи шашуми феврал ҳам бо таварруми боло ва коҳиши арзиши лир дасту панҷа нарм мекард. Як сол пеш, як доллар ҳудуди 14.90 лир фурӯхта мешуд, дар ҳоле, ки имрӯз як доллар баробари 18.90 лир аст. Ба иборате лир дар тӯли як соли гузашта 30 дарсад заиф шудааст.
Дар ин зилзила ҳудуди 50 ҳазор нафар ҷон бохтанд, ки бештари онҳо дар Туркия зиндагӣ мекарданд. Наздик ба 204 сохтмон дар Туркия фурӯ рехт ё ба шиддат осеб дид ва дар идомаи он садҳо ҳазор нафар бехонумон шуданд.
Ҳимояти Туркия аз гурӯҳҳои исломгаро монанди Ихвонулмуслимин пас аз баҳори арабӣ соли 2011, равобити ин кишвар бо Арабистон ва шайхнишинҳои Халиҷи Форсро, ки Ихвонулмуслиминро таҳдиде барои ҳукумати худ медонистанд, тира карда буд.
Ин танишҳо бо густариши равобити кишварҳои арабнишини Халиҷи Форс рӯ ба коҳиш гузошт. Ба вижа, ки Амороти муттаҳидаи арабӣ ҳам ба Туркия наздик шуда ва дар соли гузашта наздик ба 5 миллиард доллар ба унвони амонат ва 10 миллиард доллар ба унвони сармоягузорӣ ба ин кишвар сарозер кардааст.