Рубрики Хабарҳо

Нахуствазири Бритониё: ҳар касе, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди Бритониё шавад, аз мондан манъ хоҳад шуд

Нахуствазири Бритониё пеш аз тасвиби қонуни ҷадиде, ки сешанбе ироа мешавад, гуфта ҳар касе, ки ба таври ғайри қонунӣ вориди Бритониё шавад, аз мондан манъ хоҳад шуд. 

Риши Сунак барои ҷилавгирӣ аз вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон аз тариқи канали Ла-Манш, таваққуфи қаиқҳои кӯчакро яке аз панҷ авлавияти аслии худ қарор додааст. 

Тибқи гузориши рӯзномаи бритониёии “Сан”, бар асоси тарҳи қонуни ҷадиде, ки интизор меравад рӯзи сешанбеи ин ҳафта ироа шавад, дархости паноҳандагии муҳоҷироне, ки бо қаиқҳои кӯчак вориди Бритониё мешаванд, рад хоҳад шуд. 

Дар гузориши ин рӯзнома омадааст ин паноҳҷуён, дар камтарин замон “ба як кишвари савуми амн” мунтақил хоҳанд шуд. 

Дар ин гузориш аз Суэлла Браверман, вазири дохилии Бритониё нақл шудааст, ки “дигар бас аст. Мардуми Бритониё мехоҳанд ин мушкил ҳал шавад.” 

Дар ду соли гузашта теъдоди муҳоҷирони воридшуда ба савоҳили Бритониё беш аз ду баробар шудааст. 

Дар моҳи январ Риши Сунак, нахуствазири Бритониё ба қонунгузорони ин кишвар ваъда сипурд, ки ёфтани як роҳи ҳал барои мушкили вуруди паноҳҷуён аз тариқи канали Ла-Манш яке аз панҷ аввалияти кории ӯ хоҳад буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *