Рубрики Хабарҳо

Пешниҳоди Урдуғон барои баргузори референдуми ҳиҷоб дар Туркия

Баҳси ҳиҷоб бори дигар ба мавзӯйи доғ миён ду ҳизби аслии Туркия табдил шудааст. Ҳизби секулори ҷумҳурихоҳи халқ пешниҳоди қонун барои тазмини ҳақи занон барои истифода аз ҳиҷоб дар идораҳои давлатиро додааст. Урдуғон аммо хоҳони баргузории референдум аст. 

Раҷаб Таййиб Урдуғон пешниҳоди баргузории референдуме барои тағйир дар қонуни асосиро ироа карда, ки ба мӯҷиби он ҳаққи занон барои доштани русарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, мадорис ва донишгоҳҳоро тазмин шавад. Урдуғон рӯзи шанбе, 22 октябр дар як барномаи телевизионӣ дар вокуниш ба изҳороти Камол Қиличдоруғлу, раҳбари ҳизби ҷумҳурихоҳ халқи Туркия, гуфт: “агар онҳо [опозисион] ҷуръаташро доранд, бигузоред ин саволро ба референдум бигузорем.” 

Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ (CHP) аслитарин ҳизби мухолифи давлат ва бузургтарин ҳизби лоаики Туркия ба шумор меравад. 

Пешниҳоди ворид кардани тағйир дар қонуни асосӣ чанде пеш тавассути Урдуғон матраҳ шуд. Тасвиби чунин тағйире бидуни баргузории референдум, ниёзманди аксарияти 400 намояндаи парлумон аст. Барои ин ки кори ҳизби муҳофизакори Урдуғон бояд ба ироаи ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ такя кунад. Дар сурати адами муваффақият, ин пешниҳод метавонад ба референдум гузошта шавад то раъйи шаҳрвандон натиҷаи ниҳоиеро мушаххас кунад. 

Ҳоло ба назар мерасад Урдуғон чунин ҳадаферо дар сар дорад. Ў дар барномаи телевизионӣ таъкид кард: “агар ин мушкил дар парлумон ҳал нашуд, мавзӯъро муқобили мардум матраҳ мекунем.” 

Масъалаи ҳиҷоб борҳо дар Туркия баҳсбарангез буда ва инак бо нигоҳе ба интихоботи риёсатҷумҳурӣ ва парлумонӣ, ки соли оянда дар ин кишвар баргузор мешавад, дубора тамаркуз бар ин мавзӯъ шиддат гирифтааст. 

Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ барои касби раъйи бештар дар садади ҷалби назари қишрҳои муҳофизакор ва суннатӣ аст, аз ҳамин рӯ низ Камол Қиличдоруғлу, раҳбари опозисион, пеш аз ин танзими қонунеро пешниҳод карда буд, ки барои занон ҳаққи истифода аз русарӣ дар маконҳои умумиро қоил шавад. Ҳадафи ин қонун мухтор будани занон дар интихоби пӯшиш ва ҳифзи ҳуқуқи аввалияи онҳо унвон шудааст. 

Урдуғон ба тарҳи Қиличдоруғлу интиқод карда ва гуфта буд матни ироашуда ба парлумон тамоми ҷонибҳои масъаларо дар назар нагирифтааст. 

Бархе раъйдиҳандагон дар Туркия нигарони он ҳастанд, ки дар сурати пирӯзии ин ҳизб дар интихобот мамнуъияти ҳиҷоб муҷаддадан дар ин кишвар амалӣ шавад. Ба ҳамин сабаб Қиличдоруғлу, бар хилофи суннати ин ҳизб, ки дар асл секулор ба шумор меравад, дар изҳороти худ талош дошта то ин нигарониҳоро бартараф кунад. Пешниҳоди танзими чунин қонуне низ дар ҳамин росто арзёбӣ мешавад. Қиличдоруғлу пештар дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд: “мо дар гузашта дар мавриди русарӣ иштибоҳоте муртакиб шудем.” 

Бо ин ҳол ба назар мерасад Урдуғон ин пешниҳодро чандон қонеъкунанда намедонад ва ба думболи эъмоли тағйир дар қонуни асосии Туркия аст. 

Бо ин ки аксарияти ҷамъияти Туркия мусулмон ҳастанд, аммо ҷудоии дин аз сиёсат дар қонуни асосии ин кишвар дарҷ шудааст. Занон дар Туркия барои муддати тӯлонӣ иҷозаи ба сар кардани русарӣ дар идороти давлатиро надоштанд. Ҳизби Адолат ва тавсеа ба раҳбарии Урдуғон дар соли 2013 ин мамнуъиятро лағв кард. 

Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кадом аз аҳзоби сиёсӣ дар Туркия бар хилофи солҳои даҳаи 90 ба думболи мамнуъияти ба сар кардани русарӣ нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *